Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии миллат аст

«Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем».

Эмомалӣ Раҳмон

Забони тоҷикӣ – ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқ, инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад. Боиси сарфарозиву ифтихори мо – ворисон аст, ки забони тоҷикӣ то имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст. Дурахши истеъдодҳои нотакрор, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯмансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Унсурӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Шайх Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон, ки ҳам дар шеъру адаб ва ҳам дар илму фан забони модарии моро барои ифодаи маъниҳои нозуки бадеӣ ва андешаҳои дақиқи илмӣ қудрату тавон бахшидаанд, аз баракати сулолаи Сомониён ба ҳисоб меравад.

Ватанхоҳиву истиқлолталабии Сомониён сабаб гардид, ки забони тоҷикӣ дар рӯзгори давлатдории онҳо қудрату тавоноӣ ва рушду такомули беназиру бесобиқа пайдо кард ва барои поягузории адабиёту фарҳанги оламгир, ки таъсиру нуфуз ва анъанаҳои бузургаш то замони мо идома доранд, заминаи мусоид фароҳам овард. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад.

Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Суханрониҳои Пешвои муаззами миллат бо забони шевою шоиронаи тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Мутаҳид боиси ифтихор ва таваҷуҳи тоҷикзабонони рӯи дунё гашта буд, зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад.

Забони тоҷикӣ дар таълифоти илмӣ собиқаи беш аз ҳазорсола дорад. Бузургтарин донишмандони мо-Абӯалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абӯрайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» бунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки ин анъанаи ватанхоҳона дар асрҳои баъдӣ аз тарафи донишмандони маъруф Насруддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва то Аҳмади Дониш идома пайдо кард. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад. Бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат «омили муҳими ташаккули миллат» ва «рукни асосии давлат» шинохтани забон, эълом доштани соли 2008 ҳамчун Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, қабул ва амалисозии чандиндафъаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди он ва тадбирҳои зиёди дигар, дастовардҳои миллатро дар самти таъмини умумияти забонӣ боз ҳам афзунтар намудаанд.

Забони тоҷикӣ тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 22 июли соли 1989 таҳти №150 «Дар бораи забон» муайян   кардааст, ки ҳамасола то соли 2009-ум таҷлили  он расман баргузор   мегардид ва ба тавсиб расонидани   қонуни нав аз 05-октябри соли 2009 таҳти №553 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин қадамҳои ҷиддӣ барои баланд кардани устувории забони тоҷикӣ асоси қонунӣ пайдо кард. Ҳамасола 05 октябр рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, ки он ба феҳристи   ҷашнҳои миллӣ   ворид   гардидааст.

Вуҷуди ин забони таърихӣ дар даврони истиқлол дар бунёди давлати миллӣ нақши асосӣ гузошта, ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ баромад менамояд, ки аз ҷониби Ҳукмати кишвар давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд, ки барои рушди забони модарӣ нақши муассир доранд.

Аз ҷумла Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки 29-уми ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи қонуни забон равона шудааст.

Бояд гуфт, ки дар дунё беш аз 28 млн. нафар одам бо забони тоҷикӣ муошират менамоянд ва аз он 8 млн. дар Тоҷикистон, 5 млн. дар Узбекистон, 10 млн. дар Афғонистон ва дигар кишварҳои дуру наздик мебошанд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии   кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти   тоҷику   форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гуфтугӯ ва эҷод кардаанд, муаррифкунандаи миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид. Ба ин маънӣ забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи   пуршебу   фарози   халқи куҳанбунёди   тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму   миллати   дунё   ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз   мушкилоту   монеаҳои гуногун гузаштааст.

Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ,   равобити   дипломатӣ, тиҷорат ва   дигар воситаҳои   иртибот қарор дорад. Ба гуфтаи Сарвари   давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони тоҷикӣ поянда аст. То даме ки миллати   тоҷик ҳаст, забони ӯ пойдор аст». Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат мебошад.

Судяи Суди иқтисодии

        вилояти Хатлон:-                                                  Саъдуллозода С.Т.

Прокрутить вверх