Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот асоси рушду нумӯ ва оромию осоиштагӣ

Боиси хушбахтист, ки пас аз пош хӯрданиҶумҳурии Шӯравӣ мардуми тоҷик дар баробари дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти деринтизори худро ба даст овард.

Дар баробари шодиву нишот, якбора аз байн рафтани механизми идоракунии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба миён омадани фазои нофаҳмӣ, боиси сар задани муборизаҳои гурӯҳҳои гуногуни ҷомеъа ҷиҳати ба даст овардани зимоми давлатдории тоҷикон гардид.

Дар ин мубориза саҳми душманони беруна ва хоинони дохилӣ бузург буда, мусоидат ва талошҳои мансабхоҳии онҳо боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар дохили кишвари азизу маҳбубамон гардид. 

Як гурӯҳ бо даъвои сохтани давлат бо идеологияи динӣ ва гурӯҳи дигар бо даъвои барқарор кардани давлати шӯравӣ ва дар миёни онҳо душманони берунмарзӣ бо мақсади аз байн бурдани Ҷумҳурии навбунёди Тоҷикистон нақшҳои худро бозида, фарзандони як миллатро ба ҳам зид намуда, оташи ҷанги бемаъниро барафрохтан.  

Хушбахтона ақли солим боло гирифт ва ақидаҳои бунёди давлати демократӣ бо пешниҳоди мардони соҳибхираду ватандӯст дар мағзи мардум фурӯзон гардида, ба бахти мардуми шарафманди мо ба ҳайси роҳбари давлат марди кордону соҳибмаърифату воқеан ватандӯсту ватанпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Сарвари тозаинётихоб – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки марди худододу ҷасур ва тинаташ аз шарафу номуси миллӣ сиришта шуда буд, зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Тамоми мардуми кишвар дар гирди роҳбари ҷавону миллатдӯст гирд омаданд ва барои ҳимояи давлати конститутсионӣ ба по хестанд. Роҳбари давлат ва дигар фарзандони миллатдӯсту соҳибмаърифат ва сулҳпарвар барои хомӯш кардани низои дохилӣ  ҳадафҳои умумимиллиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ба рағми  курситалабону бегонапарастон боло гузоштанд.

Талошҳо, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва кӯшишҳо бор оварданд ва  27 июни соли 1997 дар шаҳри  Москва  Созишномаи  умумии истиқрори  сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ин Созишнома тоҷикон ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ ва ҳалокат наҷот дод. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ Тоҷикистонро сулҳу оромӣ фаро гирифт ва мардум таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди баруманди хеш – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даст заданд. 

 Дар муддати 30 соли ваҳдату оромӣ ва осоиштагӣ ҳатто хурдтарин шаҳру деҳот ба таври ношинохтанӣ ободу зебо гаштанд.

Хиёбонҳои пойтахти азизамон ва дигар шаҳру ноҳияҳо пур аз боғҳои гулпӯш гардида, парчаму нишони давлатӣ, ки рамзи Истиқлолият мебошанд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо парафшон гардида, ҳазорҳо километр роҳҳои маҳалливу аҳамияти байналмилалидошта навсозӣ ва қирпӯш гаштанду садҳо пул бунёд гардид.

Ин ҳама ободию оромӣ ва осоиштагии  кишвар  аз сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмист, таҳкими ин арзишҳо ва чун гавҳараки чашм пос доштани онҳо, вазифаи ҳар яки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.  

Мо шоҳиди онем, ки давлати мо қадам ба қадам аз кишвари аграрӣ  ба як кишвари саноатӣ табдил ёфта истодааст.

Бунёду азнавсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ, таъсиси корхонаҳои саноативу маишӣ, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани нуфузи давлат дар сатҳи байналмилалӣ ва дигар дастовардҳо ҷиҳати таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми Тоҷикистон, шаҳодати он аст, ки ҳамаи пешрафту рушд аз ваҳдат сарчашма мегирад.

Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат баҳри таъмини амнияти давлату миллат, рушдӯ нумӯъи иқтисодиёти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллии худ дар арсаи ҷаҳонӣ кӯшишу заҳмати зиёд намуда, ба ин дастоварди бузург ва ба шахсе, ки онро барои мо бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ фароҳам овардааст, яъне Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузорем.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон  Искандарзода Б.М.

Прокрутить вверх