Хусусиятҳои фарқкунандаи Конститутсия аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Конститутсия аз калимаи лотинии «Конститутсион» гирифта шуда, маънояш «бунёд кардан», «барпо кардан»,  «асос гузоштан», мебошад.

Ҳар як давлате, ки соҳибихтиёр аст дорои Конститутсияи худ мебошад.

Конститутсия шакли олии зуҳуроти ҳуқуқӣ буда, бо мақсади таъмини гузариши ҷомеа аз як марҳила ба марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихӣ қабул карда мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариши Тоҷикистон аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул гардидааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо як қатор хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад.

Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки Конститутсияро субъекти махсус қабул мекунад, яъне Конститутсия аз тарафи халқ қабул карда мешавад. Агар мо ба таърихи қабули Конститутсияҳои гузаштаи давлатамон назар афканем мебинем, ки тамоми Конститутсияҳои пешинаи мо (4 Конститутсия доштем) аз тарафи ҳамонвақта парлумон қабул карда мешуд, яъне Шурои Олии Тоҷикистон.

Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аввалин бор бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз тарафи халқ қабул карда шуд, ки ин нуқта дар дебочаи Конститутсия ё муқарароти интиқолӣ махсус қайд карда шудааст: «МО ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Аз ин рў тибқи талаботи моддаи 98-и Конститутсия  даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия танҳо бо роҳи  райъпурсии умумихалқи сурат мегирад.

Дуюм хусусияти фарқкунандаи  Конститутсия  қувваи олии юридикӣ доштани он мебошад. Дар моддаи 10-и Конститутсия қайд шудааст, ки  Конститутсия Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Ин модда афзалияти нормаҳои Конститутсияро нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои Конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои мақомоти қонунгузор ва иҷроия) муқарар менамояд.

Ғайр аз ин меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал менамоянд.

Дар таҷрибаи судӣ мустақиман татбиқ кардани меъёрҳои Конститутсия кам ба назар мерасад.

Сеюм нишонаи фарқкунандаи Конститутсия ин хусусияти фарогирӣ доштани он мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва ғайраро ба танзим медарорад. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ бошанд танҳо як соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медароранд.

Чорум нишонаи фарқкунандаи Конститутсия ин хусусияти ибтидоӣ доштани он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсия қабул карда мешаванд ва ё ба таври дигар гўем аз Конститутсия сарчашма мегиранд.

 

 

 

Судяи суди иқтисодии

вилояти Хатлон:                                                         Сайдалӣ С.С.

 

Корманди дастгоҳи  суди

иқтисодии вилояти Хатлон:                                      Атоев Ё.Б.