Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ – судяи Суди иқтисодии виляоти Хатлон Қурбониён Б.С.

Дар ибтидои солҳои 90-ум ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт. Имрӯз Тоҷикистон чун давлати мустақил дар қатори давлатҳои дигари аъзои СММ субъекти муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Қайд кардан зарур аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳарчанд дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши охири асри ХХ ба даст омада бошад ҳам, тоҷикон чун миллати қадимтарини минтақа таърихи дурударози мубориза барои давлати худ, барои истиқлолияти миллию давлатиро доранд.

Истиқлолияти давлатӣ яке аз рукнҳои давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб гардида, барои ба даст овардани он фарзандони миллати тоҷик дар тӯли таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи худ борҳо ҷонбозиҳо кардаанд. Истиқлолият дар давраи навтарини таърихӣ низ дар натиҷаи муборизаи халқи Тоҷикистон ба даст омад.

Аз ҷониби дигар, яке аз масоили муҳими ба Истиқлолияти давлатӣ мансуб ин нигоҳ дошта тавонистан ва ҳифзи Истиқлолият аз ҳама гуна талошу душманиҳо, аз таъсири омилҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ, махсусан дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ, ифротгароиву зиддиятҳои фарҳангӣ, иқисодӣ, сиёсӣ ва ғайра мебошад.

Пеш аз оғози дастовардҳо дар солҳои соҳибистиқлолиро баён намудан, мо аввалан мафҳуми истиқлолиятро таҳлил намудан ба мақсад мувофиқ аст. Таҳлилҳои назариявӣ, амалиявӣ ва қонунгузориро анҷом медиҳем. Аз таҳлили мафҳуми назариявии ин истилоҳот оғоз менамоем.

Бори аввал дар банди 1-уми Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум мафҳуми расмии Истиқлолият муқаррар гаштааст. Дар он муқаррар мегардад: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад».

Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул шудааст. Баъдан Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии ҶТ (аз 9 сентябри соли 1991) қабул гардид, тавассути ин Изҳорот, Истиқлолияти ҶТ эътироф карда шуд. Сипас Шурои Олии ҶТ қарори махсусро «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии ҶТ» қабул кард, яъне изҳороти мазкур тавассути қарори Шурои Олии ҶТ қонунӣ гардонида шудааст.

Баъди соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ислоҳоти асосии иқтисодиёт ба амал омада, шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омаданд. Ҷои муносибатҳои амудии идоракуниро алоқаҳои мӯътадили уфуқии хоҷагидорӣ ва мубодилаи молию пулӣ гирифт. Ҷои нақшаро шартнома ишғол намуд, аз тарафи давлат мустақиман идоракунии марказонидашудаи иқтисодиёт ба танзими қонунгузории иқтисодиёт иваз шуд. Мақомотҳои арбитражи ба додгоҳҳои ҳакамӣ ҳамчун мақомотҳои юрисдиксионии мустақил, соҳибихтиёр, ки қобилияти ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектони хоҷагидориро сарфи назар аз шакли моликият доранд, табдил дода шуд.

Дар раванди 30 соли ба даст овадани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва муносибатҳои хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аввалан мутобиқи Эъломия дар бораи истиқлолияти ҶТ муқаррар намудааст, ки «Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмравоии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мешавад. Ҳамаи гражданинҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки мансубияти гражданӣ надоранд, ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд ва онҳоро қонун ҳимоя мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи партияҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ, ки дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, ҳуқуқӣ баробар доранд; ба онҳо барои иштирок дар идораи давлат ва корҳои ҷамъиятӣ шароит муҳайё карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи миллию мадании халқи тоҷик, анъана ва русумоти неки таърихии онро таъмин намуда, инчунин ба хамаи миллатҳои сокини республика ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва инкишофи озодонаи миллию маданиро замонат медиҳад. Эъломияи мазкур барои таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаи иттифоқӣ асос мебошад.

Ин муқарраротҳо роҳи ояндаи ҶТ-ро муайян намуданд. Аз он ҷумла, барои заминаи ҳуқуқӣ додан дар самтҳои гуногун ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ кор бояд аз қабули Қонуни асосии давлат Конститутсия оғоз карда шуд, яъне заминаи ҳуқуқии мамлакатро гузоштан мақсади аввалаи миллату давлат ба шумор мерафт. Дар 3 давра гурӯҳи кори оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ташкил карда шуда, санаи 6-уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолии ҶТ қабул гардида, ба он дар солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тағйирот ворид карда шуд. Дар моддаи 1-уми он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва иҷтимоӣ эътироф карда шуд. Бори аввал дар моддаи 5-уми Конститутсияи ҶТ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ дониста шуд. Дар ин ҷараён плюрализми сиёсӣ ба амал омад, ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ ба вуҷуд омаданд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон санаи 22.06.2016-сол таъкид дошта буданд, ки «Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, мо ба марҳалаи рушд ворид шудем ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намудем. Баъдан мо тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба иҷрои вазифаҳои тибқи се ҳадафи стратегии миллӣ пешбинишуда – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар сохтем».

Бо максади расидан ба ин ҳадафҳои моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятро воқеъбинона ва дурусту ҳамаҷониба таҳлил намоем, ба ҳар яке аз рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои ҳаққонӣ дода, рохи таърихии халқамонро саҳеҳу равшан мукаррар созем.

Маҳз ба шарофати ба даст овардани Истиқлолият мо тавонистем, ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдории худро муҳофизат намоем. Дар соли 1997 бори аввал пастравии суръати маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат боздошта шуд ва 1,7 дарсад рушд ёфт.

Дар тамоми солҳои минбаъда (солҳои 1998-2018) иқтисодиёти мо тамоюли мусбат пайдо карда, суръати рушди миёнаи он солона беш аз 6 дарсадро ташкил дод. Ҳатто дар давраҳои буҳронҳои иқтисодии чаҳонӣ мо тавонистем суръати баланди афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро таъмин намоем.

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ чун «таъмини амнияти озуқаворӣ», «таъмини истиқлолияти энергетикӣ» ва «раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ» душвориҳои зиёди дохилию беруниро бартараф кардааст. Дар натиҷаи фароҳам омадани вазъи мусоид ҷомеа рӯ ба тараққӣ ниҳод, барқарории сулҳу ваҳдати пойдор ва ризояти миллӣ, татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ муяссар шуд, ки эътидоли макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ ба вуҷуд ояд. Дар ин давра, поёнравии сатҳи истеҳсолот пешгирӣ гардида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин ва афзоиши сатҳи камбизоати аҳоли боздошта шуд; имкониятҳои маблағгузориҳои буҷетӣ аз ҳисоби афзоиши фоида ва фоиданокӣ беш аз беш вусъат ёфт.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ дар замони муосир дар баробари имкониятҳо инсониятро бо мушкилоти дигаре рӯ ба рӯ месозад, ки ҳаллу фасли онҳо аслан аз роҳи хирад ва фарҳанг амалӣ мешавад. Аз ин рӯ, барои арҷгузорӣ ба дастовардҳои сулҳу субот ва пойдории ваҳдати воқеӣ дар оянда насли босаводу бофарҳанг лозим аст, ки решаӣ ҳалли масъалаи мазкур аз мактабу маориф маншаъ мегирад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра барои рушди соҳаи маориф, сохтмон ва таъмири мактабҳо, масъалаи сифати таълим, нашри китобҳои дарсӣ ва ҳифзи иҷтимоии муаллимон чораҳои судмандро амалӣ гардонид. Инчунин, барои тарбия намудани мутахассисони дороӣ дониши замонавӣ ҳар сол теъдоди муайяни ҷавонон ба хориҷи кишвар фиристонда мешаванд.

Солҳои наздик дар мамлакат татбиқи даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузории нав ба маблағи умумии миллиардҳо сомони барои таҷдиди роҳҳо, бунёди неругоҳҳо ва таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бешубҳа, боиси боз ҳам беҳтар гардидани некуаҳволии мардуми азизамон хоҳад гардид. Соли 2016 бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои манфии хориҷӣ, муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон ба 3,9 миллиард доллар расид.

Соли 2016 Ҳукумати кишвар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул намуд. Пешбини шудааст, ки дар давраи зикршуда маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва истихроҷи нерӯи барқ се баробар зиёд мешавад. Дар доираи стратегияи мазкур се барномаи миёнамуҳдати рушди иқтисодии панҷсола муайян гардиданд. Аз ӣумла, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз”, яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Дар Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 марҳалаи нави рушди мамлакат инъикос ёфтааст ва дар он мақсади пешбурди бонизоми иқтисод ду силсилаи буҷетиро фаро мегирад. Солҳои воқеии иқтисодиёт рушд ёфта, тараққиёти саноати ҷумҳурӣ 35 дарсадро ташкил хохад дод. Чунин сатҳи рушд имконият медихад, ки барои иҷрои бомуваффақияти вазифаи гузошташуда-аз давлати кишоварзӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – кишоварзӣ табдил додани ҷумҳурӣ заминаи устувор ва боэътимод гузошта шавад.

Пешниҳоди аввалини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2003 2005-2015-Об барои ҳаёт, Бо ташаббуси 4-уми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22-юми декабри соли 2016 пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик ба шумор меравад.

Агар мо рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориву сармоягузориро зодаи Истиқлолияти давлатӣ гуем, хато нахоҳад буд, зеро аввалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад. Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани кор ва моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.

Ба дастовардани Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки давра ба давра сатҳи барқарорсозии инфрасохторҳои иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар гардад. Ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар, бахусус, Пешвои миллат боиси он гардид, ки кишвари мо, бори севвум ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардад, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ин рушди инфрасохтор дар кишвар мебошад. Роҳҳо пайвандгари миллат дар кишвари мо ба ҳисоб мераванд. Дар солҳои аввали истиқлолият ҳамагӣ 42% роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва 20% роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш буданд, ки аз ин 73% дар ҳолати паст, 26% дар ҳолати миёна ва танҳо 1% дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштанд. Дар ин давр яке аз вазифаҳои соҳа бунёди инфрасохтори нақлиёт бо мақсади раҳоӣ намудани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба шумор мерафт. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф то имрӯз дар комплекси нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 31 км. нақб, 200 пул ва 190 километр роҳи оҳан сохтаву таҷдид шуда, терминали нав ва муосири мусофирбарӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва якчанд терминали мошинҳои мусофирбар ба истифода дода шуданд.

Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ заминаи рушди устувори кишвари моро фароҳам оварда, асоси ҳамаи дастовардҳои бузургро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, ҳадафҳои умдаи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон дар хусуси андешаи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмин намудани густариши он, барои таҳкиму ташаккули шароити мусоид ҷиҳати инкишофи шахсият, ҷамъият, давлат ва таъмини амнияти онҳо заминаи мусоиде фароҳам меоранд.

Пас дар чунин марҳалаи тақдирсоз ҳамаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма, созмонҳои ғайридавлатӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро зарур аст, ки барои таҳкими пояҳо ва сулху субот дар кишвар манфиатҳои миллӣ ва давлатиро аз манфиатҳои гурӯҳи ва шахсӣ боло дониста, дар ҳаёти сиёсии кишвар, дар тарбияи насли наврас, дар пешгирии ҷавонон аз шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза бо экстремизм ва терроризм ва дар рушди кишвари худ саҳмгузор бошанд.

Дар Эъломияи истиқлолияти ҶТ қайд мегардад, ки рӯзи 9-уми сентябр рӯзи ид эълон карда шавад. Бо мақсади дар сатҳи олӣ баргузор намудани ин ид, таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа Президенти ҶТ Фармон санаи 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баровард, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2021 баргузор карда шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати ду моҳ тасдиқ намояд. Ин ҳам дарки муҳимияти ин рӯзи тақдирсозро нишон медиҳад, ки 4 сол пеш барои дар сатҳи олӣ баргузор шудан ба тайёрибини ҷиддӣ дида шудааст.