• Главная »
  • Маърӯзаҳо ва мақолаҳо »
  • 12-июн– Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди истифодаи меҳнати кӯдакон-корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Султонзода С.Д.

12-июн– Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди истифодаи меҳнати кӯдакон-корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Султонзода С.Д.

Кӯдак ин мавҷудоти инсоние мебошад, ки дорои ҳуқуқ буда, нисбати худ таваҷҷуҳи хос, инчунин кумаку дастгириро аз ҷониби давлат ва ҷомеа талаб менамояд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси то синни 18 – сола кӯдак ҳисобида мешавад. (Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 55) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (моддаи 4) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”).

12-июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди истифодаи меҳнати кӯдакон аз тарафи ТБМ (Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат) эътироф гардидааст ва ҳамасола дар бештари мамлакатҳои дунё қайд карда мешавад. ТБМ чунин мешуморад, ки Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди истифодаи меҳнати кӯдакон ҳамасола ҷиҳати хотиррасонӣ аз кӯдаконе, ки ба ҷои таҳсил ба меҳнати вазнин машғул мебошанд, хизмат менамояд. Дар ин рӯз инчунин онҳоеро, ки дар  бунёди ҷаҳони бе истисмори меҳнати вазнини кӯдакон, онҷое, ки дар он волидон кор мекунанду фарзандон ба мактаб мераванд, саҳмгузоранд қадрдонӣ менамоянд.

Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 12 июнро Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди истифодаи меҳнати кӯдакон эълон дошта ва вазифаи худ мешуморад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати аз байн бурдани шаклҳои ғайри қобили қабули истисмори кӯдакон дар ҷойҳои корӣ ҷалб намояд. Инчунин, таъкид месозад, ки истифодаи васеи меҳнати кӯдакон дар ҳазорсолаи ҷорӣ мушкилоти хеле мураккаб буда, қабули қарор ва фаъолияти амалии бетаъхиру мукаммали ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳамаи сатҳҳои миқёси умумиҷаҳонӣ ҷиҳати аз байн бурдан тақозо менамояд.

Дар ҷаҳони имрӯза аз рӯи баҳогузории ТБМ дар атрофи 250 миллион кӯдакон дар синни 5 то 17 солагӣ, ё аз шаш як нафар кӯдак, маҷбур аст, ки имрӯз ба ҷои ба  мактаб рафтан кор кунад. Наздики ¾ ҳиссаи онҳо ё ин ки аз 8 як нафар имрӯз ба иҷрои корҳои хатарнок ва зараровар ҷалб карда мешаванд, ки таҳдиди бевоситаро ба саломатӣ ва ҳаёти миллионҳо кӯдакон ба амал меоранд. Ин қариб, ки ба аҳолии давлати абарқудрати капиталистӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (280 млн.) баробар аст.

Дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ одатан истифодаи меҳнати кӯдак ҳамчун қувваи кории арзон ва ҳатто, ҳамчун ғулом истифода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо, ҳамчун ба пояи асоси ояндасози миллат, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин, баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон  як қатор санадаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак амал мекунад, ки соли 1989 аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида буд.

Ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Тоҷикистон аҳамияти махсус дода мешавад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” аз 18 марти соли 2015 қадами ҷиддӣ ва муҳим дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба шумор меравад.

Дар бандҳои 2 ва 4 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” зикр шудааст:

“Кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳуқуқ дорад дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо коре машғул шавад, ки ба саломатию инкишофи зеҳнии ӯ мувофиқ буда, ба ҳолати ҷисмонӣ, маънавӣ ва равониаш зарар нарасонад…

Кӯдакро ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок қабул ва ҷалб намудан манъ аст”.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам додани меҳнати кӯдакон мавриди таваҷҷуҳи ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳои мухталифи маҳаллӣ ва байналмилалие мебошад, ки дар самти пешгирӣ ва аз бозори меҳнат хориҷ кардани кӯдакон таҳқиқот анҷом медиҳанд ва лоиҳаҳои гуногунро татбиқ менамоянд. Меҳнати кӯдакон дар ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз мушкилоти рӯз, проблемаҳои нисбатан шадид, ки ташвиши ҷомеаро ба миён овардааст, боқӣ мемонад. Бо дарназардошти ӯҳдадориҳои байналмилалии қабулнамуда, Тоҷикистон якҷоя бо шарикони сеҷониба (мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои корфармоён) Барномаи миллиро оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020 таҳия ва омода намуда, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 тасдиқ гардидааст.

Ҷашн гирифтани Рузи байналмилалии ҳифзи кӯдакон,  доир намудани вохӯрӣ бо ҷавонон ифодагари он аст, ки Пешвои миллат нисбат ба ҳаёти кӯдакону  ҷавонон бе тавофут набуда, ояндаи кишварро аз ҳастии онҳо дониста аст.