Паёмҳои Пешво-рушддиҳандаи ҳокимияти судӣ-судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Сафарзода Н.

 “Мо барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он то имрӯз корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаем”.

                                                                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

Дар замони муосир, бахусус тайи солҳои охир дигаргуншавии вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи амалишавии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

Мувофиқи моддаи 55-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад ва бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилаву хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.  Паёми пешгирифтаи ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  аз моддаи мазккур сарчашма гирифта ҷанбаҳои мухталифи дохилаву берунаи кишварро муайян месозад. Инчунин, ирои  Паёми ҳамасола дар кишвари мо яке аз аломатҳо ва атрибутҳои асосии истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Хотирнишон кардан ба маврид аст, ки боиси фараҳмандии мардуми сарбаланди кишвар мебошад, ки ирои Паёми имсолаи Сарвари давлат рамзӣ арзёби гардида он ба ҷашни 30- юмин солагрдӣ  Истиқлолияти давлатии кишвар рост омад.

Бояд тазаккур дод, ки паёмҳои ҳарсолаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти махсусан байналмилалӣ дошта, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми ҷаҳонӣ ва мавқеъ ва муносибати мо ба равандҳои байналмилалиро ифода мекунад. Аз лиҳози ҳуқуқӣ ироаи Паём нишонаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд маҳсуб ёфта, дар он роҳбари  давлат ҳисоботи солонаи худро ба самъи мардум мерасонад.

Ирои Паёми соли ҷории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баҳри раҳнамун сохтани кишвар ба музаффариятҳои беназир, беҳтар намудани шароити арзандаи зиндагӣ, тақвият додани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар самтҳои  калидӣ равона гардида буд.  Ҳамзамон таъкид кардан ба маврид аст, ки Паём – роҳнамоиҳои умумӣ, барои самту соҳаҳо ва вазорату идораҳои мушаххаси кишвар меъёру вазифаҳои мушаххас гузошт. Мақсуди дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар паёмҳои худ ба идораҳои дахлдор баҳри ҷоннок кардан ва густариш додани  соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва ба статуси байналмилалӣ ҷавобгӯ будани механизму меъёрҳо  мебошад.

Мусаллам аст, ки мақомоти суд яке аз ниҳодҳои мустақил ва калидии кишвар ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ҳамасола зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  қарор гирифта барои боз ҳам тақвият додани фаъолияти ин ниҳод пешниҳоду дастурҳои муфиду назаррас дода мешаванд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ барои беҳтар намудани  ҳокимияти судӣ  якчанд нуқтаро баён доштанд, ки дар он ба масъалаҳои таъмини қонуният ва адолати судӣ, тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии баъзе камбудиҳои дар фаъолияти мақомоти судӣ ҷойдошта раҳнамун гардида буд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар дигар вохӯриҳояш бо кормандони мақомоти судӣ баҳри таъмини ҳуқуқи инсон, татбиқи қонунҳо, муҳофизати ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии халқ, дар роҳи муборизаи беамон  зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо ибрози андеша менамоянд. Дар паёми соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду инкишоф додани ҳокимияти судӣ ва шаффофият будани кори кормандони он таъкид карданд, ки “роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд”. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тайи солҳои истиқлолии кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ҳокимияти судӣ марҳила ба марҳила ривоҷу равнақ ёфта, дар таъмини адолати судӣ, ба тарзи объективона дида баромадани парвандаҳо, шаффофият дар сохтори судиро ба роҳ монда барои боз ҳам пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо чораҳои зарурӣ амали гашта истодаанд. Имрӯз мо тамоми кормандони мақомоти судӣ суханҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва таъкидҳояшон талош варзида дар инкишоф ва густариш додани ҳокимияти судӣ нақши боризи хкдро гузорем.