• Главная »
  • Маърӯзаҳо ва мақолаҳо »
  • Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устувор гардонидани арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҳамзазода А.А.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устувор гардонидани арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҳамзазода А.А.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии арзишҳои миллии миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст. Пешвои миллатамон тавонист, ки мо – тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло ва дигар арзишҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат кори давлатдории худро бо эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ оғоз кард. Далели ин гуфтаҳо авзои иҷтимоиву иқтисодии соли 1999 мебошад, ки дар он солҳо кишвари нав аз оташи низоу нооромиҳо раҳошудаамон дар роҳи бунёду барқарорсозиҳо қадамҳои нахустин мегузошт. Бо вуҷуди ҳама мушкилот дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги шоҳ Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва талошҳо дар роҳи маҳви он як хаёлу ҳадафи ботил аст. Президенти мамлакат нахуст гӯё пайкари ин миллатро тавассути як навъи фарҳанг барқарор кард, ки тӯли садсолаҳо дар миёни тирагиҳову ғубор қарор дошт. Ин худ як падидаи бузурги эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ буд.

Пешвои миллат аз рӯзҳои нахуст ба арзишҳои миллӣ такя мекарда, то имрӯз ин гуна арҷгузориро давом дода истодааст. Таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои ҳарсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тавассути чорабиниҳои байналмилалӣ тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он аз аввалин рӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дошт ва дорад.

Аз ҷониби Пешвои миллат аҳли ҳунару санъат пайваста зери таваҷҷуҳи хоса қарор дорад. Арҷгузориву қадрдонии заҳмату хидматҳои онҳо аз маркази диққати Пешвои миллат дур нестанд. Бунёди муассисаҳаи муҳташами фарҳангӣ, мақоми давлатӣ гирифтани як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои «Наврӯз», «Меҳргон», «Рӯзи Шашмақом»,» Рӯзи Фалак», «Рӯзи Китоб», инчунин дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳириявию байналмилалӣ гувоҳи толошҳову нақшҳои Пешвои миллатанд.

Ҳайкали Исмоили Сомонӣ, осорхонаву китобхонаи миллии замонавӣ, парчаму нишони миллии партавафшон, бинои муҳташами Қасри Миллат ва чанде дигар, ки дар маркази шаҳр ба таври рамзӣ дар як ҳудуд қомат афрохтаанд, худ як гувоҳномаи бузурги фарҳанги миллати куҳанбунёди мо тоҷикон буда, далели хизматҳои шоёни Пешвои миллат баҳри дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчун арзишҳои милли тоҷикон муаррифи кардани онҳо мебошад.

Бо эътимоду қаноатмандӣ иброз медорам, ки зери роҳнамоии ин абармарди миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ба маротиб боло меравад. Таҷлили солгарду мавлуди фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва монанди ин як омили бузурги таконбахшанда дар роҳи баланд шудани маънавиёти ҳамдиёрони мост. Таҷлили ин солгардҳо ба мақсади тавлиду камоли ин гуна фарзандони миллат мебошанд, ки бо гузашти вақт боиси ифтихори наслҳои оянда бошанд. Бояд қайд кард, ки миллати тоҷик таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳоро соҳиб аст. Барои шинохти ин таърих санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоби Бостон, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 5500-солагии Панҷкент-ёдгории таърихии «Саразм» ва дигарон дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифта шуд. Рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ асли ҳадафи ин ҳама тасмимҳост.

Сарвари давлатамон он шахсияти фарҳангдӯстест, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои миллии ниёгон аҳамияти хоса зоҳир мекунад. Эҳёи намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони истиқлол суръати хос пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки зина ба зина номгӯи анъанот ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва дар байни мардум густариш меёбанд, ки ин омили муҳими дигар дар роҳи бештар шудани маҳбубияти Пешвои миллат дар байни халқаш мебошад. Махсусан солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар инкишоф меёбад, ки аз воситаҳои беҳтарин дар мусоидат ба пешрафти маънавии ҷомеа ба шумор меравад. Ҷойи хушист, ки дар давоми даҳ соли охир ҳунари чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, бурёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, достонсароӣ, қиссахонӣ, фалаксароӣ ва дигар суннатҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда шудаанду дар пайи рушд қарор доранд. Бо дастгирии моливу маънавии Сарвари давлат маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохиливу хориҷи кишвар ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки як навъи муаррифгари арзишҳои милии тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Ногуфта намонад, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сол то сол пояҳои Истиқлолияти давлатӣ қавитару устувортар мегарданд. Дар тули 29 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Маҳз бо Роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон арзишҳо ва неъматҳоеро ба даст овард, ки дар 70-соли ҳукумронии Иттиҳоди Шуравӣ ба мо муясар нагардида буд.

Таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 бинобар бо мухолифин ба созиш омадан, бастани созиши оштии миллӣ дар ҷумҳурии мо ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хотима дода шуда, тамоми он вайронкориҳое, ки аз ин ҷанг ба миён омада буданд, давра ба давра бартараф ва барқарор карда шуданд.

Дар марҳилаи барқарорсозии сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Чунки маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд марҳилаи барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ислоҳоти сохториро дар давлати тозаистиқлол роҳандозӣ намоянд.

Дар тӯли 29-соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳуриамон бо кӯшишу заҳматҳои президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти  муҳими  дорои  аҳамияти давлатӣ, аз қабили  неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Роғун», фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб,  кони гази  Хоҷасартез,  таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қулма, шоҳроҳи Қароқурум – Шкев-Зиғар, Шоғун – Зиғар, (марҳилаи 1 ва 2), Душанбе-сарҳади Қирғизистон (марҳиллаи 1 ва 2), хатҳои баландшиддати «Лолазор-Хатлон», «Ҷануб ва Шимол», нақби мошингарди “Чормағзак”, “Шаҳристон”, “Шар-шар”, “Анзоб” ва як қатор корхонаҳои хурду бузург ба истифода дода шуданд, ки дар маҷмуъ гуфта метавонем, рушду тараққиёти Тоҷикистони ҷавон босуръат мебошад.

Аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин замина тавонист ҷалби сайёҳонро ба кишвари мо бештар намуда, расму русуми миллӣ ва анъанаҳои неки ниёгонамонро ба ҳазорон сайёҳи хориҷӣ ва миёни миллатҳои гуногун муаррифӣ намуда, иқтисодиёти Тоҷикистон ва нуфузи онро бамаротиб афзояд.

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо ба як давлати орому осуда ва ба як сарзамини биҳиштосо табдил ёфта, Пешвои заҳматкашу меҳнатқарини тоҷикон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гаштани ин диёри ҳамешабаҳор пайваста талош карда истодааст.

Ин гуфтаҳои боло заҳмату талошҳои хастанопазир ва нақши беназир доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар устувор гардонидани арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, бори дигар тасдиқ мекунад.