• Главная »
  • Маърӯзаҳо ва мақолаҳо »
  • ИРОДАИ ҚАВИИ ТОҶИКИСТОН БАҲРИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ-И.в. Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Суди иқтисодии вилояти Хатлон Пирзода Қ.Ҷ.

ИРОДАИ ҚАВИИ ТОҶИКИСТОН БАҲРИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ-И.в. Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Суди иқтисодии вилояти Хатлон Пирзода Қ.Ҷ.

Дар ҳамаи давру замон зуҳуроту мушкилоти гуногуне мавҷуд буданд, ки ҳамеша садди роҳи пешрафту тараққиёти бемайлони ҷамъият гардидаанд. Яке аз чунин мушкилоти ҷиддӣ дар ҷомеа фасод ва ришва маҳсуб мешавад, ки вобаста ба пешрафти ҷамъият дар қолабҳои нав ба маҷрои зиндагии инсонҳо ворид мешавад. Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили ҷомеъаи муосир ба шумор рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад.Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллалӣ Муттаҳид ба муқобили коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз сад давлати дунё ба Коневенсияи мазкур аъзо гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта,  санади мазкур ба  низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки инсон ҳамеша мехоҳад, то ҳарчи зудтар ва бо роҳи содатаре ба орзуву омоли худ даст ёбад ва ё бо ҳар роҳе набошад, ба давлату сарвати бештар даст пайдо кунад. Маҳз ҳамин табиати инсонӣ боиси рушд намудани зуҳуроти номатлуби ришвадиҳиву ришваситонӣ дар ҷомеа мегардад. Аммо мутаасифона, инсонҳо ба хотири манфиатҳои инфиродии худ манфиати ҷамъияту давлатро нодида мегиранд, ки ин омил метавонад паёмадҳои ҷиддиеар дар пай дошта бошад. Зеро афзоиши ин падида боиси касод кардани иқтисоди давлатҳо гардида, дар роҳи амалӣ гардидани нақшаву ҳадафҳои давлатӣ менеъ эъҷод менамояд.

Аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри, пешгирӣ ва решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб иқдому ташабусҳои муайянеро ба кор гирифтааст.  Чунончи бо мақсади мубориза густурда бо корупсия дар ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 таҳти №34 бори аввал барномаи зиддикорупсионии давлатӣ «Стратегияи мубориза бо корупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012»-ро қабул кард ва амалӣ гардонд. Бо дарназардошти натиҷаҳои хуби бадастомада дар доираи татбиқи Стратегияи мазкур дар марҳилаи баъдӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 таҳти №1504 «Стратегияи муқовимат ба корупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расид. Тавре, ки дар муқаддимаи Стратегияи мазкур омадааст:  «Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсати роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад».

Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад.

Дар баробари ин, муносибат ва бархурди қонунӣ ба ҷараёни коррупсия дар доираи ду санади меъёрии ҳуқуқии дигар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 319,320) ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 656,657,661,ва  ғайра) амалӣ карда мешавад. Санадҳои зикршуда ҷанбаҳои мухталифи муносибату бархўрд бо ин зуҳурот, инчунин меъёрҳои қонунии ҷазоро нисбат ба ашхосе, ки ба чунин кирдор даст мезананд, муайян кардааст.

Ҷиҳати ба роҳ мондани бархурди ҷиддӣ бо падидаи коррупсия ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми январи соли 2007 ниҳоди махсуси назоратӣ ташкил шудааст, ки сиёсати давлатиро дар самти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бароҳ мемонад.

Ҳаминтариқ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи кутоҳи соҳибистиқлолии худ баҳри пурра решакан намудани шароит ва омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда корҳои муайянеро ба анҷом расонида, дар самти мубориза бо он, ба дастовардҳои хуб ноил гардидааст.