• Главная »
  • Хабарҳои суд »
  • Дар бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовинони Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайриддинзода Азизбек оғоз намуда, кормандон ва дар симои онҳо аҳлу оила ва тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бар ҳар яки онҳо саломатии бардавом, умри бобаракат, сарсабзӣ ва оромиву осудагиро таманно намуданд.

Қайд гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сол то сол пояҳои Истиқлолияти давлатӣ қавитару устувортар мегарданд. Дар тули 29 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Маҳз бо Роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон арзишҳо ва неъматҳоеро ба даст овард, ки дар 70-соли ҳукумронии Иттиҳоди Шуравӣ ба мо муясар нагардида буд.

Таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 бинобар бо мухолифин ба созиш омадан, бастани созиши оштии миллӣ дар ҷумҳурии мо ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хотима дода шуда, тамоми он вайронкориҳое, ки аз ин ҷанг ба миён омада буданд, давра ба давра бартараф ва барқарор карда шуданд.

Дар марҳилаи барқарорсозии сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Чунки маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд марҳилаи барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ислоҳоти сохториро дар давлати тозаистиқлол роҳандозӣ намоянд.

Инчунин Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайриддинзода Азизбек вобаста ба дигар қаҳрамониҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат ёдовар шуданд.

Сипас вобаста ба нақши идоракунии президенти дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон маърӯзаи котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Исоева Санавбар шунида шуда, дар идома корманди дастгоҳи ҳамин суд Ҳамзаев Аъзам– дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устувор гардонидани арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ” баромад намуд.