Таъмини адолати судии иқтисодӣ омили пешрафти иқтисодиёт.- Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода А.

Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи начандон тӯлонӣ доранд, лекин муносибатҳои молӣ, пулӣ, тиҷоратӣ аз замони пайдоиши моликияти хусусӣ падид омадаву чун шакли мураккабтарини робитаҳои байни аҳли ҷомеа боқӣ мондааст. Сулҳу субот, оромӣ ва фараҳмандии рӯзгор дар ҳама давру замон ба сатҳи риояи меъёрҳои адолат, барасию хулосабарорӣ дар атрофии баҳсҳо миёни шаҳрвандон, соҳибкорони алоҳида, корхонаву муассисаҳо ва давлат алоқаманд мебошад.

Таъмин намудани адолати иҷтимоӣ аз таъмини адолати иқтисодӣ сарчашма мегирад. Дар ин самт риояи ҳифзи ҳуқуқу вазифаҳои харидору фурӯшанда, корфармову паймонкор, муштариву соҳибкор хеле зарур аст. Тартиби ҳалу фасл, тарзибаррасии ин мушкилот дар гузашта дар сатҳи девон, вазоратҳои давлатдориҳо мавқеи муҳим дошт ва дар осори гаронбаҳои адибони классик, пешвоёни давлативу сиёсатмадорон, низ таъкид шудааст, вале сохтори мушаххас ё муайяне вобаста ба ин мавҷуд набуд.

Бояд қайд намуд, ки баҳсҳои иқтисодӣ –тиҷоратӣ, ки бештар мавзӯъҳои тақсими замин, молу амволи тиҷоратӣ ва соҳибкориро дар бар мегирифт то як андоза аз тарафи ҳокимону мӯбадон ва қозиҳо дар заминаи дастурҳо, фатво, ҳадисҳо ва фароизу суннатҳои динӣ ҳаллу фасл карда шуда, дар мизони инсоф қиёс мешуданд.

Таърихи пайдоиши судҳои тиҷоратӣ, ки сарчашмаи асосии ташкилёбии судҳои арбитражӣ, ҳакамҳо ва иқтисоди дар давлатҳои Итиҳоди Давлатҳои мустақил мебошад, ба 14 майи соли 1832 дар замони интишори Низомномаи умумӣ оиди таъсиси судҳои тиҷоратӣ рост меояд.

Баҳсҳои байни корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ аз соли 1924 то соли 1931 аз тарафи Комиссияҳои арбитражӣ, ҳакамҳо, ки бо қарори Кумитаи иҷроияи марказии ИҶШС ташкил карда шуда буданд,  ҳал карда мешуд.

Моҳи майи соли 1931 дар низоми мақомоти идоракунии давлатӣ арбитражи давлатӣ ташкил карда шуд, ки барои ҳал намудани баҳси молу мулкии байни муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои хоҷагӣ бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми шартномавию нақшавӣ равона карда шуда буданд. Низомномаи аввалин бо Қарори Кумитаи иҷроияи марказии ИҶШС аз 3 майи соли 1931 тасдиқ карда шуд.

Аз лаҳзаи ташкилшавӣ арбитраж дар ду намуд – давлатӣ ва идоравӣ амал менамуд. Арбитражи давлатӣ баҳси байни корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеияти гуногуни маъмури, дар арбитражи идоравӣ баҳси байни корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеи як идора, яъне вазорат, кумита ва ғайраҳоро баррасӣ мегардиданд.

Дар таърихи чанд даҳсолаи мавҷудияти арбитражи давлатӣ (аз моҳи майи соли 1931 то моҳи марти соли 1992) аз тарафи давлат якчанд маротиба ислоҳоти сохтор ва фаъолияти он ҷиҳати мувофиқ намудан ба шароитҳои иқтисодии тағйирёбанда ва баланд бардоштани нақши он дар хоҷагии халқ гузаронида шуд. Дар соли 1960 Севети Вазирони ИҶШС Низомнома дар  бораи Арбитражи давлатӣ аз соли 1931-ро бекор кард ва Низомномаи навро дар бораи Арбитражи давлатии назди Совети Вазорони ИҶШС тасдиқ кард.

Моҳи августи соли 1970 Совети Вазирони ИҶШС қарор «Дар бораи баланд бардоштани нақши мақомотҳои Арбитражи давлатӣ ва арбитражи вазоратҳою идораҳо дар хоҷагии халқ»-ро қабул кард, ки мувофиқи он арбитраж бояд ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, такмили муносибатҳои хоҷагидорӣ, мустаҳкам намудани нақши шартномаҳо дар муносибатҳои хоҷагидорӣ мусоидат мекард.

Моҳи январи соли 1974 Арбитражи давлатии ИҶШС ба мақомоти иттифоқӣ-ҷумҳуриявӣ табдил дода шуд ва Низомномаи нав дар бораи Арбитражи давлатии назди Шӯрои Вазирони ИҶШС тасдиқ карда шуд. Давраи охирини инкишофи арбитражи давлатӣ бо қабул намудани қонунгузорӣ дар бораи он баъди қабули Конститутсияи ИҶШС соли 1977 алоқаманд мебошад, ки дар натиҷа арбитраж бо Конститутсияи ИҶШС муайян карда шуд. Ташкил ва тартиби фаъолияти мақомоти арбитражи давлатӣ аввалин маротиба дар Қонун «Дар бораи арбитражи давлатӣ дар ИҶШС», ки аз тарафи Шӯрои Олии ИҶШС 30 ноябри соли 1979 қабул шуд, сабт ёфт. Дар асоси ин қонунгузорӣ Низомнома дар бораи Арбитражи давлатии назди Шӯрои Вазирони ИҶШС ва Қоидаи баррасии баҳсҳои хоҷагӣ аз тарафи арбитражҳои давлатӣ қабул шуданд.

Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти бунёди ҷараён гирифта, шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омаданд. Ҷои муносибатҳои маъмурию идоракуниро муносибатҳои мӯътадили хоҷагидорӣ ва муносибатҳои молию пулӣ гирифт.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ меъёрҳои ҳуқуқие, ки пеш фаъолияти арбитраж ва тартиби ҳал намудани баҳсҳои хоҷагидориро ба танзим медароварданд, ба таври пурра ба шароити нав номутобиқ гардиданд. Вобаста ба роҳи муносибати бозоргониро интихоб намудани ҷумҳурӣ муносибатҳои дигар ба шаклҳо ва равишҳои фаъолият, баланд бардоштани нақши арбитраж, васеъ намудани салоҳияти ӯ, баланд бардоштани обрӯи он зарур гардид. Бинобар ҳамин ҳам 10 марти 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки мувофиқи он ба ғайр аз муайян намудани масъалаҳои вобаста ба вазифаҳо, мақом ва фаъолияти додгоҳҳои ҳакамӣ, инчунин тартиби ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ низ инъикоси худро ёфтанд.

Қонуни мазкур мақомоти арбитражиро ба додгоҳҳои ҳакамӣ – мақомотҳои юрисдиксионии мустақил, соҳибихтиёр, ки имконияти ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектони хоҷагидориро сарфи назар аз шаклҳои моликият доранд, табдил дод. Қабули қонунҳои дар боло зикргардида маънои ивази оддии арбитражҳоро ба судҳои иқтисодӣ надошт. Бинобар ин, зарурати ташкили судҳое буд, ки бо баҳисобгирии таҷрибаи мусбати андӯхтаи арбитражҳои давлатӣ, дар асоси меъёрҳои мурофиавӣ баҳси байни соҳибкоронро бо мақомоти давлатӣ ҳал мекарданд. Ба тарафҳои баҳскунанда имкониятҳои баробари ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои вайроншуда ё мавриди баҳс қароргирифта таъмин карда мешуд. Бинобар ин додгоҳҳои ҳакамӣ ба судҳои иқтисоди табдил дода шуданд. Вазъи ҳуқуқии судҳои иқтисодӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, ифода ёфт.

Боиси қайд аст, ки ислоҳоти системаи судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иваз кардани мақомотҳои арбитражи давлатӣ ба судҳои ҳакамӣ ва баъдан ба судҳои иқтисодӣ оғоз гардид, ки раванди ташаккули ҳокимияти судии мустақил ва самаранокро инъикос менамояд ва метавон гуфт, ки рушди қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҳамин давра, яъне баъди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ соли 1994 қабул шудааст, оғоз гардид.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки зарурияти такмили минбаъдаи қонунгузори мурофиавии хоҷагӣ дар соли 1995 ба вуқуъ омад ва ду санади нав аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асоси ҳуқуқии тартиби сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ буданд, қабул шуданд. Ин қонунҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомотҳои комили пурраи ҳокимияти судӣифода менамуданд ва бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рӯи парвандаҳои хоҷагӣ ба зимаи мақомоти судӣ вогузор намуд.

Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти бузурги нақши мақомоти судӣ дар самти мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар тамоми давраи Истиқлоли давлатӣ ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати махсус зоҳир намуданд. Дар даврони соҳибистиқлоли силсилаи санадҳое ба тасвиб расиданд, ки далели возеҳи ин гуфтаҳо буда, ҳамаи онҳо ба мустаҳкам намудани мустақилият ва фаъолияти мақомоти судӣ нигаронида шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 апрели соли 2007 изҳор намуда буданд, ки «яке аз омилҳои муҳими таъмини фазои босуботи ҷомеа таҳкими ҳокимияти судӣ мебошад». Дар ин замин аввалин маротиба бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ» тасдиқ гардид, ки тадбирҳои мушаххас бобати амалӣ намудани ислоҳоти судию ҳуқуқиро дар бар гирифт.

Дар ҳақиқат ҳам Барномаи мазкур бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат тасдигардид. Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки Барномаи мазкур ҷиҳати такмил додани қонунгузории милли алалхусус қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеи гузошт.

Дар ин замина вобаста ба такмил додани қонунгузории низоми судҳои иқтисодӣ Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ қабул гардид ва аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор гирифт. Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ тағйироти куллиеро дар роҳи демократикунонии мурофиаи судии иқтисодӣ, таъмин намуд.

Баъдан бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ» аз 26 декабри соли 2011 ба Кодекси зикргардида тағийроту илова ворид карда шуда, номи Кодекс дар таҳрири нав яъне, «Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифода карда шуд. Бо бовари метавон гуфт, ки Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи замони ҳозира ва муносибатҳои нави соҳибкори ва иқтисодӣ мутобиқ гардонида шуда, тағйироти куллиеро дар роҳи демократикунонии мурофиаи судии иқтисодӣ ба амал овард. Меъёрҳои он пеш аз ҳама баҳри таъмини ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиаи иқтисодӣ, мустақилияти судяҳои суди иқтисодӣ, таъмини қонунияту адолат ҳангоми баррасии парвандаҳо дар суди иқтисодӣ, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарории тарафҳо дар мурофиаи суди иқтисодӣ, таъмини принсипҳои мубоҳисавӣ, бевосита будани муҳокимаи судӣ, ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва забони мурофиаи судӣ равона карда шудааст.

Дар навбати худ дар даврони истиқлоли давлатӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри такмил додан ва рушди қонунгузории мурофиавии иқисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳам мустаҳкам намудани мустақилияти судяҳо ва таъмини адолати судӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Аз ҷумла бо пешниҳоди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 майи соли 2017 таҳти №1420 дар Кодекси мазкур меъёри нав яъне «таъиноти хусусӣ» ворид карда шуд. Бо татбиқи меъёри мазкур ба судяҳои суди иқтисодӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкуни таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намоянд, ки онҳо уҳдадорнад дар муҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.

Қобили зикр аст, ки меъёри дар боло зикргардида ҷиҳати баланд бардошти нақши суд ва мустаҳкам кардани мустақилияти судяҳо дар мавриди ба амалбарории адолати судӣ нақши муҳим дорад.

Дар охир тамоми кормандони мақомоти судиро ба муносибати Иди касбӣ яъне, Рузи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама сиҳату саломати, рузгори осуда ва дар корҳои касбиашон бурбориҳо таманно дорам.