• Главная »
  • Чорабиниҳо »
  • Дар бинои Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон маҷлиси сайёри судӣ ва дар мавзӯи шарҳи Қонунҳои ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбат ва вохӯрӣ гузаронида шуд

Дар бинои Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон маҷлиси сайёри судӣ ва дар мавзӯи шарҳи Қонунҳои ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбат ва вохӯрӣ гузаронида шуд

Санаи 12 – уми декабри соли 2019 аз рӯи парвандаи №1-319/19 бо даъвои саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии “Оли Совет”-и ноҳияи Ёвон Саидова Бибираҷаб, Менгелбоева Азизой, Ғоибов Иброҳим, Эралиева Ҷамила ва дигарон нисбати шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, ҶСП «Хуршеди Ёвон»-и ноҳияи Ёвон ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон дар бораи қисман беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 27 феврали соли 2006 таҳти №106 ва беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 24 сентябри соли 2012 таҳти №307 маҷлиси сайёри судӣ таъин карда, гузаронида шуд. Ҳамчунин дар мавзӯи шарҳи Қонунҳои ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо  сокинони Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон  суҳбат ва вохӯрӣ гузаронида, ба саволҳои иштирокчиёни ҷамъомад посухҳои мушаххас доданд.