Мизи мудаввар ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар бинои Cуди иқтисодии вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.

Дар ифтитоҳи мизи мудаввар Раиси Cуди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода А. ҳозиринро хайрамақдам гуфта, вобаста ба муҳимияти ин рузи таърихӣ,  ҷашн гирифтани “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки истилоҳи Президент аз калимаҳои лотинӣ “prae” ва “sidens” “praesidentis” гирифта шуда, маънои таҳтуллафзии он аз пеш нишаста, шахсе, ки аз дигарон пештар ё болотар нишастааст. Таъкид шуд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  рузҳои ид” аз 14 майи соли 2016, № 1320 ба сархати ҳафтоду якум “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр” , илова карда пазируфта шудааст.

Мақсад аз ҷашн гирифтани “Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун ид аз он иборат аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат президентӣ буда, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби олии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, нақши Президент дар идораи давлат басо бузург аст. Ҳамчун рӯзи Ид қабул шудани “16 ноябр”  рамзӣ буда, он ба хотири бори аввал аз ҷониби якумин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар асоси Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гашта интихоб шуда, 16 ноябри соли 1994 савганди садоқат ёд кардааст, бахшида шудааст. Бояд қайд намуд, ки маҳз аз ҳамон рӯз сар карда Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашта ба рушди минбаъдаи бомаром қадам ниҳодааст.

Салоҳиятҳои сарвар таъсис, идораи мақсаднок ва рушди давлатро таъмин кардан аст. Давоми фаъолияташ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аён аст, ки аз уҳдаи салоҳиятҳояшон ба хубӣ баромадаанд. Дар ҷараёни идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ, орому осуда, ободу зебо ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ эътироф ва шинохта шудааст.

Ҳамин тавр, Раиси Cуди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода А. аз фурсати муносиб истифода бурда, ба муносибати “Рӯзи Президент” ҳозирини мизи мудаввар, судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ва дар умӯм халқи тоҷикро табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо барору комёбиҳои беназирро таманно намуд.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар судяҳои Cуди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Т.Ш. ва Қурбониён Б.С. баромад намуданд.