МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 32 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси нақша чорабиниҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон суҳбату вохурӣ дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон баргузор карда шуд.

Ҳангоми суҳбат Раиси суд Искандарзода Б.М., муовини раис Қурбониён Б.С., судяҳо Сайдалӣ С.С., Азизӣ Ҷ.А., Саъдуллозода С.Т., Истиқлолиятро беҳтарин неъмати бебаҳо дониста, онро безаволтарин дастоварди миллӣ шуморида аз рӯзҳои аввали ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ, пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда саҳми барҷастаи сардори давлатро бори дигар ба саҳми ҳозирин расониданд.

Инчунин кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон низ оид ба дастовардҳои даврони истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд .

Ҳамзамон оид ба пешгири намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои терористию экстремистӣ гуфта гузаштанд.

Раиси суд Искандарзода Б.М. судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро бо фарорасии 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Прокрутить вверх