Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Он барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Агар ба таърихи пайдоиши ин зуҳурот назар кунем, таърихи қадима дорад. Мувофиқи тадқиқоти олимон аввалин нишонаҳо дар бораи коррупсияи амалдорон, ки дар бойгониҳои Бобулистони қадим нимаи дуюми асри ХХIV то давраи моро дарбар мегиранд, шабоҳат дошта, баъдан дар қонунҳои машҳури Ҳаммурапи вохӯрдан мумкин аст. Ин падида аз ҳамон замон сар карда то имрӯз идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки ин зуҳуроти номатлуб, ки боиси монеаи рушди давлат мегардад, ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва барои пешгирии ин зуҳурот кишварҳо талош меварзанд. Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ҳанӯз аз замони комилан осоишт эълон гардидани кишвар равона гардида буд. Махсусан пас аз бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8-уми сентябри соли 1997 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот, ки ба амнияти иқтисодӣ ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия ба ҳисоб меравад, дарк намуда чунин андешаи боризу таъсирбахш ва зебои сиёсати зиддикоррупсиониро дар кишвар баён доштанд: “Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахӯрӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набуда, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем, пурқувватӣ, абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем. Ин ақидаро бо масъуияти бузург изҳор намуда, кушода мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон шахсро намебахшад”. Чунин таваҷҷуҳ ва дарки бесобиқаи Сарвари давлат мебошад, ки аз ҳамон замон сар карда барои пешгирии ин падида як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21- уми июли соли 1999 №1262 “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (10 декабри соли 1999), ҳамзамон Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул карда шуд, ки бо назардошти аҳамиятнокии масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардида, ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд. Инчунин дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26- уми январи соли 2008, таҳти №34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани мӯҳлати амали он, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул гардидаст. Қабули чунин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки ҳамчун ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта нақши калидӣ дошта, то ҳол заминаи устувор барои коста шудани ин падида гузоштааст.
Бояд тазаккур диҳем, ки яке аз хизматҳои бесобиқаи ва иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ мақомоти мустақили ин соҳа Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10-уми январи соли 2007 таъсис додаанд, ки ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ин соҳа ба ҳисоб меравад. Лозим ба ёдоварист, ки барои боз ҳам мустаҳкам намудани фаъолияти ин ниҳод имсол бо ташаббусу дастгириҳо ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтараи Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Агентӣ бо тарҳи замонавӣ ва ба стандартҳои муосир ҷавбогӯ мавриди баҳрбардорӣ қарор дода шуд, ки барои боз ҳам мустаҳакам ва пурсамар фаъолияти кардани ин ниҳод имконият ва шароити мусоид фароҳам оварданд.
Чӣ тавре, ки дар боло зикр кардем, коррупсия яке аз падидаҳои мураккаби замони муосир буда, он садди рушду равнақ ёфтани кишварҳо мегардад. Қариб тамоми кишварҳои абарқудрат барои пешгирии ин падидаи номатлул мубориза мебаранд ва барои аз байн бурдани ин падида тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳанд. Бо боварии комил гуфта метавон, ки ин амал ба ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳар як кишвар зарари манфӣ мерасонад. Ин аст, ки роҷеъ ба пешгирии ин зуҳурот ва аз байн бурдани ин падида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудааст”. Чунин суханҳо ва таъкидҳои дурнигарони Сарвари давлат мебошад, ки ҷиҳати пешгирии ин падида ҳар сол тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Ин тадбирҳо ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар кишвар сол то сол ва рӯз то рӯз ин амали номатлуб рӯ ба ҳолати косташавӣ омада расидааст, ки боиси хурсании ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар мебошад.
Раҳмонзода Баҳром, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон