Изҳори тасаллият ба судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Раҳмонзода Баҳром Исмоилхон

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон вобаста ба даргузашти бармаҳали падари судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Раҳмонзода Баҳром Исмоилхон – Раҳмонов Исмоилхон тасаллияти хешро баён ва андуҳи ин талафоти бебозгаштро бо ҳам қисмат менамоянд.
Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез ба аҳли оила, хешу наздикон ва ба писари марҳум – Раҳмонзода Баҳром Исмоилхон изҳори ҳамдардӣ намуда, ҳамзамон аз даргоҳи илоҳӣ хоҳони онро доранд, ки руҳашон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад.

Прокрутить вверх