Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен як қатор муассиса ва иншоотҳои ҷашниро дидан намуданд. Аз ҷумла, зимни сафар фаъолияти мактаб-интернати назди шӯъбаи маориф боздид карда шуда, ба сатҳи фаъолият ва шароити зисту таҳсили тарбиятгирандагон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Инчунин, як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назар гузаронида шуда, ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри вусъати фаъолият ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ маслиҳатҳо дода шуд.