Санаи 21 марти соли 2024 дар толори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҷашни байналмилалии Наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар аввал раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. кормандони суд ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуда, доир ба таърихи пайдоиш ва аҳамияти таҷлили он якчанд сухан гуфтанд.
Баъдан дигар кормандони суд вобаста ба ҷашни Наврӯз суханронӣ намуда, бо барномаи ҷашнӣ ва Наврӯзӣ табъи ҳозиринро хушу болида намуданд.