Боби 12 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба хабарномаи судӣ ва тартиби ирсол намудани он бахшида шудааст.
Азбаски яке аз камбудиҳои ҷиддии мурофиавӣ мутобиқи моддаи 249 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин баррасӣ кардани парванда дар ғоибии яке аз он шахсони иштироккунандаи парванда, ки дар бораи вақт ва ҷои маҷлиси суд ба таври дахлдор огоҳ нашудаанд, мебошад, мавзӯи мазкур аҳамияти ҷиддӣ дорад.
Тавре гуфтем, ба мавзӯи мазкур боби алоҳида, яъне боби 12 Кодекс бахшида шуда, он моддаҳои 120 то 123-ро дар бар мегирад.
Маҳз бо сабаби аҳамияти ҷиддӣ доштани ин масъала ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои охир бинобар тараққӣ ёфтани технологияи муосир, хусусан технологияи иттилоотӣ якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Аз ҷумла, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.04.2020 сол таҳти № 1687ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, моддаи 120 Кодекс, ки “хабарномаи судӣ” ном дорад, пурра дар таҳрири нав қабул гардид.
Пас аз ворид намудани тағйиротҳо моддаи 120 дар таҳрири зерин ифода карда шудааст.
Моддаи 120 Хабаномаи судӣ
1. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот ва оғоз намудани истеҳсолоти парванда, дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ бо роҳи ирсоли нусхаи санади судӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур, на дертар аз панҷ рӯз то оғози маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ хабардор карда мешаванд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Маълумот дар бораи қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот, вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ метавонад дар сомонаи расмии суди иқтисодӣ на дертар аз панҷ рӯз то оғози маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ ҷойгир карда шавад. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷойгиркунии маълумот аз ҷониби суди иқтисодӣ дар сомонаи расмии суди иқтисодӣ, инчунин санаи ҷойгиркунии онҳо ба маводи парванда замима карда мешаванд.
2. Санади судӣ, ки бо он иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ хабардор ё даъват карда мешаванд, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
– ном васуроғаи суди иқтисодӣ;
-вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ;
– насаб, ном ва номи падари шахсони ба суд хабардоршуда ё даъватшуда;
– номи парванда, ки доир ба он хабардор ё даъваткунӣ ба амал бароварда мешавад, ҳамчунин ба ҳайси кӣ даъватшудани шахс;
– нишондод дар бораи он, ки шахси хабардоршаванда ё даъватшаванда кадом амалҳоро ва дар кадом мӯҳлат ҳуқуқ дорад ё уҳдадор аст иҷро кунад.
3. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир суди иқтисодӣ метавонад ба воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ, почтаи электронӣ ё воситаҳои дигари алоқа шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодиро хабардор ё даъват намояд.
4. Суди иқтисодӣ хабарномаи судии унвонии шахси ҳуқуқиро ба маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ мефиристад. Агар даъво ба фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ дахл дошта бошад, чунин хабарнома ба маҳалли ҷойгиршавии филиал ё намояндагӣ фиристонида мешавад. Маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагӣ дар асоси иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муайян карда мешавад.
5. Хабарномаи судии унвонии шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ба маҳалли зистионҳо, ки дар иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зикр гардидааст, фиристонида мешавад. Дар сурати пешниҳод гардидани маълумот доир ба воситаҳои алоқаи шахсони иштироккунандаи парванда хабарномаи судӣ метавонад тавассути воситаҳои алоқаи мобилӣ фиристонида шавад.
6. Агар дар мурофиаи судӣ намояндаи шахси ҳуқуқӣ иштирок намояд, хабарномаи судӣ инчунин ба маҳалли истиқомати намоянда фиристонида мешавад.
7. Агар шахси иштироккунандаи парванда дар бораи ба суроғаи дигар фиристонидани хабарномаи судӣ дархост намуда бошад, суди иқтисодӣ хабарномаи судиро ба ин суроға мефиристад. Хабарномаи судӣ ба шахси иштироккунандаи парванда дар он ҳолат супоридашуда ба ҳисоб меравад, ки агар он ба суроғаи нишон додашуда расонда шуда бошад.
8. Шахсони хориҷӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ оид ба қоидаҳои муқаррарнамудаи бобби мазкур хабардор карда мешаванд, агар Кодекси мазкур ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
9. Шахсони иштироккунандаи парванда, пас аз гирифтани санади судӣ дар бораи қабули аризаи даъвогӣ ё ариза ба истеҳсолот ва оғоз намудани истеҳсолоти парванда, инчунин шахсоне, ки ба парванда дертар ворид шудаанд ё ҷалб шудаанд ва дигар шахсони иштироккунандаи парванда пас аз қабули санади судии якум оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқи мустақилонаг ирифтани маълумотро дар бораи ҳаракати парванда доранд.
10. Ба шахсони иштироккунандаи парванда таваккали ба вуҷуд омадани оқибатҳои ногувор дар натиҷаи наандешидани чораҳо барои гирифтани маълумот дар бораи ҳаракати парванда вогузор мегардад, агар суд дар бораи сари вақт огоҳ будани онҳо оид ба оғози мурофиа маълумот дошта бошад.
Тавре мебинем бо тағйиротҳои воридгардида, тартиби хабардор намудани шахсони иштироккунандаи парванда аз вақт ва маҳалли баргузории амалҳои мурофиавӣ ва маҷлисҳои судӣ осонтар гардида, муҳлати он аз понздаҳ рӯз ба панҷ рӯз кам карда шуда, тартиби хабардор кардан дар ҳолатҳои таъхирнопазир ба воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ, почтаи электронӣ, алоқаи мобилӣ ё воситаҳои дигари алоқа пешбинӣ гардидааст.
Инчунин бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 24 декабри соли 2022 таҳти №1931 ба моддаи 121 илова ворид карда шуда, моддаҳои 122 ва 123 Кодекс дар таҳрири нав ифода карда шуданд.
Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 121 Кодекси мурофиавии иктисоди,
1. Нусхаи таъиноти судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ ба воситаи почта бо мактуби фармоишӣ ва бо огоҳ намудан дар бораи супоридан ё ин ки бо роҳи бевосита супоридан ба шахси қабулкунанда дар суди иқтисодӣ ё маҳалли ҷойгиршавии шахси қабулкунанда, дар ҳолатҳои таъхирнопазир бошад, ба воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимили ё почтаи электронӣ ё ин ки бо истифода аз дигар воситаҳои алоқа фиристода мешавад. Агар суди иқтисодӣ далелҳои кофӣ дошта бошад, ки шахсонииштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судӣ нусхаи таъиноти қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ва оғоз карданиистеҳсолоти парванда, маълумот оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судии бори аввал бо парванда баргузоршударо гирифтаанд, санадҳои судие,ки бо онҳо вақт ва маҳалли маҷлисҳои судии минбаъда ё гузаронидани амалҳои мурофиавии алоҳида таъин мегарданд, ба шахсони номбурда, боҷойгир намудани ин санадҳои судӣ дар сомонаи судҳои иқтисодӣ бо тартибе, ки барои шахсонииштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судии иқтисодӣ дастрас бошад, ирсол карда мешаванд. Судҳои иқтисодӣ, инчунин, шахсони номбурдаро оид ба маҷлисҳои судии минбаъда ваамалиёти мурофиавии алоҳида оид ба парванда бавоситаи телефонаграма, телеграмма, алоқаи факсималӣ ё почтаи электронӣ ва ё воситаҳои дигари алоқа хабардор менамоянд.
Аз мазмуни тағйироти воридгардид маълум мешавад, ки минбаъд агар суд як маротиба ба шахсони иштироккунанда таъиноти судиро оид ба оғоз намудани истеҳсолоти парванда дастрас намояд ва муайян кунад, ки он аз ҷониби шахси иштироккунандаи парванда қабул шудааст, метавонад, ки минбаъд вақт ва маҳалли баргузории амалҳои мурофиавӣ ва маҷлисҳои судиро дар сомонаи суд ҷойгир намояд ва ё тавассути почтаи электронӣ, алоқаи мобилӣ, аз ҷумла СМС паём, воситаҳои дигари алоқа, яъне вотсап, вайбер, месенҷер, телеграмма ва дигар воситаи алоқа тарафҳоро хабардор намояд.
Моддаи 122 Кодекси мурофиавии иктисоди, ки ба таври дахлдор хабардор намуданро танзим намудааст, дар чунин тахрири нав ифода гардидааст:
1.Шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судии иқтисодӣ ба таври дахлдор хабардошудаба ҳисоб мераванд, агартооғози маҷлиси судӣ ва ё гузаронидани амали мурофиавии алоҳида суд дар бораи аз ҷониби шахсони қабулкунандаи ҳуҷҷат гирифтанинусхаи таъинот оид ба таъини маҷлиси пешакии судӣ ва муҳокимаи судӣ, ки баонҳо бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ирсол шудааст, маълумот дошта бошад ё дар суд дар бораиаз ҷониби шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи иқтисодӣ гирифтани маълумот оид ба мурофиаи судии таъиншуда далелҳои дигар мавҷуд бошанд.
2.Шахс ба таври дахлдор хабардоршуда баҳисоб меравад, агар хабарномаи судӣ ба ӯшахсан ва ё ба шахси болиғи боин шаҳрванд якҷоя истиқоматкунанда бо гирифтани дастхат дар қисми хабарномае, ки бояд ба суд баргардонида шавад ва ё дар ҳуҷҷати дигар бо нишон доданисана,рӯз ва вақти супоридани он дода шуда бошад.
3. Хабарномаи судӣ ба шахси ҳуқуқӣ таввасути шахси барои қабули мукотибот ваколатдор супорида мешавад.
4.Шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ ба таври дахлдор хабардоршуда ба ҳисоб мераванд, агар:
– шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат гирифтани хабарнома ва ё нусхаи санади судиро рад кардааст ва ин радкунӣ аз ҷониби ташкилоти алоқаи почта ё суди иқтисодӣ ба расмият дароварда шудааст;
– ба огоҳномаи ташкилоти алоқаи почта нигоҳ накарда, шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат барои гирифтани нусхаи санади судии аз ҷониби суди иқтисодӣ бо тартиби муқаррар карда ирсолнамуда ҳозир нашуда бошад ва дар ин бора ташкилоти алоқаи почта суди иқтисодиро хабардор карда бошад;
– нусхаи санади судӣ бинобар ҳозир набудани шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат дар суроғаи дарҷгардида супорида нашуда бошад ва ташкилоти алоқаи почта дар ин хусус суди иқтисодиро бо нишон додани сарчашмаи маълумоти мазкур огоҳ карда бошад;
– хабарномаи судӣ ба шахси ваколатдори филиал ва ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ супорида шуда бошад;
– хабарномаи судӣ ба намояндаи ваколатдори шахси иштироккунандаи парванда супорида шуда бошад;
– дар бораи бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 моддаи 121 ҳамин Кодекс супоридан ё ирсол гардидани хабарномаи судӣ далелҳои кофӣ мавҷуд бошанд;
– хабарномаи судӣ ба суроға, ҷойи истиқомат ва ё маҳалли ҷойгиршавии охирини барои суд маълуми ҷавобгар ирсол гардида бошад, дар сурати муайян набудани суроға, ҷойи истиқомат ва ё маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар.
Аз мазмуни моддаи мазкур дар кадом ҳолат шахсони иштироккунандаи парванда аз вақт ва маҳалли баргузории амалҳои мурофиавӣ ва ё маҷлиси судӣ хабардоршуда ҳисобида мешаванд, пешбинӣ гардидааст.
Моддаи 123 Кодекси мурофиавии иктисоди низ дар таҳрири нав ифода ёфта, мувофиқи он:
Шахсони иштироккунандаи парванда уҳдадоранд оид ба иваз шудани ном ( номи шахси ҳуқуқӣ) суди иқтисодиро огоҳ намоянд. Дар ҳолати набудани чунин маълумот шахси иштироккунандаи парванда дар санади судӣ бо назардошти номи охирини барои суд маълуми ин шахс дарҷ карда мешавад.
Шахсони иштироккунандаи парванда уҳдадоранд оид ба тағир ёфтани суроғаи худ ҳангоми баррасии парванда суди иқтисодиро огоҳ намоянд. Ҳангоми набудани чунин маълумот хабарномаи судӣ ва ё нусхаи санади суд ба суроғаи охирини барои суд маълум ирсол гардида, расонидашуда ба ҳисоб меравад, гарчанде шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат дар ин суроға набошад ё истиқомат накунад. Агар шахси иштироккунандаи парванда ба суди иқтисодӣ рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ ё маълумоти дигари ба ин монандро расонида бошад, ин шахс бояд ба суди иқтисодӣ оид ба таъғирёбии онҳо дар давраи баррасии парванда хабар диҳад. Суди иқтисодӣ маълумот оид ба таъғӣирёбии номи шахси иштироккунандаи парванда, суроғаи ҷойгиршавӣ, рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ ва ё маълумоти дигари ба ин монандро дар таъинот ва ё протоколи маҷлиси судӣ сабт менамояд.
Ҳамин тариқ, аз тағйиротҳои воридгардида муайян мегардад, ки хабарномаи судӣ мумкин аст, ки тавассути ҳамаи технологияи муосири огоҳкунӣ, яъне алоқаи мобилӣ, тавассути занг задан ва ё фиристодани СМС паём, почтаҳои электронӣ, алоқаи факсимилӣ, месенҷерҳо ба монанди вотсап, вайбер ва дигар воситаҳои алокае, ки шахсони иштироккунандаи парванда доранд, ирсол карда шаванд.
Ҳамчунин, шахс хабардоршуда ҳисоб меёбад, агар санади судӣ (хабарномаи судӣ) ба маҳалли охирини маълуми ӯ равон карда шуда бошад ва ӯ дар он суроға дигар истиқомат накунад ва маҳалли дигар воқеии ӯ муайян набошад.
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Хатлон: Шарифзода О.О.