БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси нақша чорабиниҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон санаи 03 ноябри соли ҷорӣ дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз ҷониби роҳбарияти Суди иқтисодии вилояти Хатлон мизи мудаввар бахшида ба 29 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Конститутсия – кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ” бо иштироки Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Б.М., муовини раиси суд Қурбониён Б.С., судяҳо Сайдалӣ С.С., Саъдуллозода С.Т., Раҳмонзода Б.И. ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар аввалан бо сухани табрики Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Б.М. ҳозиринро бахшида ба 29 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда баъдан вобаста ба аҳамият ва муҳимияти ин ҳуҷҷати раҳнамою тақдирсози  Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Сипас, дар давоми мизи мудаввар судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо маърӯзаҳо паҳлуҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳили намуданд. Аз ҷумла, муовини Раис Қурбониён Б.С. дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ”, судя Сайдалӣ С.С. дар мавзӯи «Конститусия нишонаи асосии соҳибистиқлолӣ», судя Саъдуллозода С.Т. дар мавзӯи «Конститусияи ифодагари ғояҳои давлатӣ мустақил ва арзишҳои инсонӣ» судя Раҳмонзода Б.И. дар мавзӯи «Арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсия”, корманди дастгоҳи суд Сулаймонзода Д. дар мавзӯи “Конститутсия рукни асосии давлат” баромад намуданд.

Дар анҷоми мизи мудаввар Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Б.М. бори дигар ҳозиринро ба ин рӯзи муҳими давлатӣ табрик намуда, қайд карданд,, ки Дар Конститутсия ҳар як вожа маъниеро аз воқеияти сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли тарақии таърихи тайнамудаи он ифода мекунад. Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқии эътибори баланди ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии давлату миллат маҳсуб меёбад. Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Он поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии кишвар буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар бобби аввалаш асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо, оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид.«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати баландэътибори ҳуқуқӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории навини Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, заминаи муҳим ва боэътимоди ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаётиҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Он натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи мардуми тоҷик ва ифодаи ҳуқуқии ормонҳои  он ба ҳисоб меравад”.

Прокрутить вверх