Санаи 6-уми сентябри соли 2024 бахшида ба фарорасии 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди иқтисодии вилояти Хатлон ҳамоиш дар мавзӯъи “Дастовардҳои даврони Истиқлолият” баргузор гардид. Ҳамоиш бо суханҳои ифтитоҳии раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. вобаста ба аҳамияти ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ оғоз гардид. Баъдан судяҳои ҳамин суд Сайдали С., Саидзода З. ва Азизи Ҷ. бо маърӯзаҳо вобаста ба дастовардҳои истиқлолият баромад намуданд. Сипас ҳамоиш бо маърӯзаҳои кормандони дастгоҳи суд Аҳлиддинзода А., Азизи Ҳ. ва Шарипов С. вобаста ба аҳамияти истиқлол барои расидан ба пешрафту шукуфоии мамлакат ба анҷом расид.