Шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф пеш аз ҳама ба ободу зебо гардидани шаҳр ва беҳтар шудани вазъи экологӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи ин иқдом аз ҷониби роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон низ ҳар ҳафта шанбегиҳои дастаҷамъӣ ташкил карда мешавад. Дарахтони ҳамешасабзи атрофи бинои Суд нарм кара шуда, гулҳои мавсимӣ шинонида мешавад. Воқеан шинонидани дарахт ва сабзу хуррам гардонидани атроф аз сунатҳои миллии ниёгони миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, амали басо хайру савоб ба шумор меравад.