ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ– ВАБОИ МУОСИРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро аз сар гузаронид ва бо талошҳои шабонарӯзӣ ва хиради созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи рушду нумӯъ ва сулҳу амонӣ қадам ниҳод.

Аҳамияти сулҳу ваҳдат ва фазои якдигарфаҳмӣ барои мардуми Тоҷикистон маълум аст, зеро онҳо бо ҷашми худ мушоҳида намуданд, ки набудани ин пояҳои асосии давлатдорӣ ба чи гуна бадбахтиву касод оварда мерасонад.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки ҷаҳонро вабое бо номи терроризм ва экстремизм фаро гирифтааст, ки ба арзишҳои болозикр, яъне ваҳду амният ва ягонагиву якдилии мардуми сайёра, аз ҷумла миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон таҳдид менамояд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти мамлакат, аз ҷумла барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии терроризму экстремизм тамоми нерӯву дониши худро равона намоем.

          Ҳамасола, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ибрози андеша намуда, оид ба вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо суханронӣ менамоянд.

Раванди ҷаҳонишавӣ боиси он гардида истодааст, ки тағйирёбии мавзъи сиёсиву иқтисодӣ дар як гӯшаи дунё таъсири худро на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра мерасонад.

Аз ҷумлаи чунин омилҳои сиёсии таъсиркунанда, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда истодааст, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳамаи давлатҳои ҷаҳон гардидааст.

Албатта, мафҳумҳои терроризм ва экстремизм мафҳумҳои нав набуда, барои ҷомеаи инсонӣ аз давраҳои пеш маълуманд, вале дар замони муосир, бо назардошти тараққиёти илму техника ва технологияҳои коммуникатсионӣ хатари паҳншавии онҳо ва аз таъсири ин вабо сироят ёфтани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон бениҳоят афзудааст.

          Мо шоҳиди он гардида истодаем, ки дар як муддати кутоҳи таърихӣ садҳо ҳаракату созмонҳои ба ном динӣ пайдо гардида, мақсаду мароми онҳо танҳо ғасби ҳокимият дар давлатҳо, барангехтани кинаву адовати динниву миллӣ ва хунрезиву низоъ буда, роҳбарони онҳо аз камтарин хислатҳои инсонӣ, аз қабили раҳму шафқат, ҳатто ба волидайни худ маҳруманд.

Экстремизм аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҷомеа –дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

     Терроризм низ дар дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо ифода мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад.

Амалҳои террористиро ду унсури умумӣ муттаҳид менамояд, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист.           

Бадбахтии дигари ин вабои имрӯза дар он мебошад, ки ин амалҳои ҷинояткорона бо истифода аз номи дини “Ислом” ва бо расонидани таъсир ба мафкураи ҳанӯз ба камол нарасидаи ҷавонони давлатҳое, ки қисми зиёди аҳолиашонро пайравони дини “Ислом” ташкил мекунанд, содир мешаванд.

          Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии таъсири ин зуҳуроти номатлуб аз давраҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, вобаста ба пешгирии ин зуҳурот, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаҳои давлатӣ қабул карда шуда, ҳамасола таҳқиқоту чорабиниҳои зиёди сиёсӣ баргузор карда мешаванд.

          Аз ин лиҳоз, ҳамаи моро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ вобаста ба пешгирӣ ва муборизаи шадид бар терроризм ва экстремизм бетараф набошем, зеро баҳри амалинамоии сиёсати давлат дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа зарур мебошад.

Танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардуми Тоҷикистон имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад, то ки амнияту субот ва рушду шукуфоии бемайлони давлати азизу маҳбубамон таъмин карда шавад.

Раиси суд                                                                 Искандарзода Б.М.

Прокрутить вверх