Табрикоти раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсия

30 сол қабл бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид.

Бо қабули Конститутсия ба таҳаввулоти қонунгузории миллӣ санги асос гузошта шуда, минбаъд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра такмил дода шуда, дар натиҷаи қабули барномаҳои давлатии сиёсию ҳуқуқӣ як қатор кодексҳо ва қонунҳо қабул гардиданд, ки меҳвари асосии онҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд.

Дар натиҷаи қабули ин қонунҳо, таъмини волоияти қонунияту адолат ва амнияту озодӣ имконпазир гардида, ҳамаи мо дар фазои орому осуда ва рушди босуботи иқтисодӣ зиндагиву фаъолият намуда истодаем.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи сокинони мамлакатро зарур аст, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя ва эҳтиром намуда, ба дастовардҳое, ки дар натиҷаи қабули Конститутсия ба даст овардем, аҷргузорӣ намоем.

30 солагии қабули Конститутсия ба кулли мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад ва ҳамеша дар Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ, пешрафту шукуфоӣ пойдор бимонад.

Раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Б.М.

Прокрутить вверх