«Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташабускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем». Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан яке аз қувваҳои муҳими пешбарандаи тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ҷавонон мебошанд, зеро рушди ояндаи давлат ва беҳбудии миллат аз донишу малака ва кирдору рафтори онҳо вобастагӣ дорад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон корҳои назаррасро анҷом дод, аз қабили муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ.
Баҳри таъмини ин ҳадафҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида, бо қабули он Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавони донишманду соҳибкасб ва бофарҳангу соҳибмаданиятро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ қарор дод.
Ба ғайр аз ин, дар ин давра барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд.
Аз ҷумла, дар ин давра «Барномаҳои миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000 ва 2001-2003», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият устувор гардониданд.
Ҳамзамон, баҳри таҳким бахшидани робита миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонон Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии сиёсати дохилӣ суханронӣ намуда, вобаста ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар дастуру супоришҳои муҳим ва саривақтӣ медиҳанд.
Расидан ба ҳадафи гузошташуда оид ба сиёсати ҷавонон бидуни рушди соҳаи маориф ғайриимкон мебошад, зеро маҳз илму маориф нерӯи бузурги тарбияткунандаи насли ҷавони ҳар як миллат мебошад.
Бинобар ин, дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ давлати Тоҷикистон баҳри бунёди муассисаҳои таълимии ибтидоӣ, касбӣ ва олӣ, компютеркунии муассисаҳои таълимӣ, инчунин барои ғанӣ гардонидани китобхонаҳо аҳамияти зарурӣ дода, шаҳодати ин сохтмони Китобхонаи миллӣ, ки яке аз калонтари китобхонаҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад, мебошад.
Инчунин, дар асоси Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои хориҷӣ аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷа Стипендияҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуда, садҳо ҷавонони кишвар тибқи ин стипендия барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шуданд.
Сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон инчунин дар он зоҳир мегардад, ки имрӯз фоизи зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил карда, аз ҷумла қисми муайяни онҳо дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоту идора ва муассисаҳои давлатӣ фаъолият доранд.
Ҳамаи ин ғамҳориҳои давлат, махсусан заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки ҷавобан ба ин сиёсат барои ҳифзи амнияту оромии ватан, осудагиву ваҳдат, дастовардҳои истиқлолият ва рушду нумӯи ватани маҳбубамон камари ҳиммат бандем.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи ҷавонони Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, итминон дорам, ки мо ҷавонон барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаи давлат оид ба рушди босути иқтисодиёт ва беҳдошти некуаҳволии мардум саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.
Раис Искандарзода Б.М.