Моҳи июни соли ҷорӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. ба ноҳияи Спитамен бо сафари навбатӣ ташриф оварданд. Зимни сафари мазкур Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни “Оши палав”, ки дар деҳаи Сафедтепаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 баргузор гардид, иштирок намуданд. Боиси тазаккур аст, ки озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла эҳёи таомҳои миллӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ ба роҳ монда шудааст.