Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони соҳибистиқлолии кишвар қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда шудааст. Ҳанӯз 9 апрели соли 1997 бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва гирифтани пеши роҳи қонуншиканиҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 таҳти №383 «Дар бораи беъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид.
Бо мақсади татбиқи талаботи банди 9 Қарори дар боло зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 августи соли 2001 дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба тарбяи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ гардид.
Ҳамон сол дар асоси пешниҳоди Вазорати адлия ва тавсияи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ чунин шӯроҳо дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон, таъсис ёфтанд, ки роҳбарии ин Шуроҳоро раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба зимма доранд.
Дар вилояти Хатлон Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон фаъолият дорад, ки роҳбарони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ вилоят ва идораҳои дахлдори вилоят аъзои Шуро мебошанд. Шуро дар асоси Низомнома ва Нақшаи корӣ фаъолият менамояд ва ҷаласаҳои он дар як сол на камтар аз ду маротиба баргузор карда мешавад.
Ҳамчунин бо мақсади тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ду барномаҳои давлатӣ – «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 таҳти №253 тасдиқ шуда буд ва «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 таҳти №678 тасдиқ шуда буд, амалӣ карда шуд.
Баъди иҷрои муваффақонаи ин барномаҳо, барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ – «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 тасдиқ гашт, ки ҳоло он амалӣ шуда истодааст.
Баҳри амалӣ гаштани ин барнома аз тарафи мақомоти марбута, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судии кишвар корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.
Имсол аз қабули қонуни асосии кишварамон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 30 сол сипарӣ мешавад. Баъди истиқлолиятро ба даст овардан рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон аввалин маротиба бо тариқи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 нақши Конститутсияи кишварамонро дар эъмори давлати мустақили миллӣ, созмони пояҳои устувори ҷомеа ва давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисоди кишварамон ва муҳайё кардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди мамлакат қайд карда, пешниҳод карданд, ки ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ соли 2024 дар ҷумҳурӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.
Дар ин асос Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти №668 ба имзо расид, ки тибқи он соли 2024 дар ҷумҳурӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд.
Дар иртибот бо ин ҳадафҳои наҷиби роҳбарияти олии кишвар, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, судяҳо ва кормандони суди қтисодии вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, ки дар баробари баррасии саривақтии парвандаҳои иқтисодӣ, фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ боз ҳам ҷоннок карда, соли 2024-ро, ки соли ҷашни Қонуни асосии кишвар-30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намоянд.
Судяи суди иқтисодии
вилояти Хатлон:- САЙДАЛӢ Сироҷиддин Сайвалӣ