Яке аз падидаҳои муҳим дар давлатҳои муосир институти Паёми Сарвари давлат ба Парламент мебошад, ки контитутсияҳои аксарияти кишварҳои олам муқаррар менамоянд. Паёми Сарвари давлат ба пардамент оид ба вазъи кишвар ва дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат имрӯз ҳукми анъанаро соҳиб шуда, дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба маъракаи муҳими сиёсиву давлатӣ табдил ёфтааст. Одатан Паём шахсан аз ҷониби Сарвари давлат дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои Парламент ироа карда мешавад.
Паёми Сарвари давлат ба парламент заминаи таърихи тӯлони дошта он аз таҷрибаи давлатдории Англия дар асрҳои 13-14 сарчашма мегирад.
Бо қабул гардидани Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 1787 интитутҳои Президент ва Паёми Президенти кишвар ба Парламент бори аввал расман дар Конститутсия муқаррар кардла шудааст.
Илми сиёсӣ ва назарияҳои муосири идоракунӣ паёмҳои ҳамасолаи сарони давлатҳо ба парлумонҳои давлатҳояшонро як навъ шакли ташаккули ҳамкорӣ байни ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия эътироф намуда, дар фарҳанги давлатдории муосир онро ҳамчун ҷузъи таркибӣ пазируфтааст.
Ин аст, ки паёмҳои ҳамасола дар низоми идоракунии аксари мамлакатҳо мавқеъ ва нуфузи махсуси худро дошта, масъалагузориҳои дар он баёнгашта чун барномаи амал на танҳо барои Парлумон, балки аҳли ҷомеа қабул карда мешаванд.
Падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикситон дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии соли 1999 ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999 рӯи кор омад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 27-уми апрели соли 2000 бо Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи ҷумҳурӣ” дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон баромад кардандва дар он роҷеъ ба вазъи ҳаёти сиёсии ҷомеа, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, сиёсати хориҷӣ ва дар маҷмуъ ҳадафҳои стратегӣ ва пешомади чанд соли наздики мамлакат назари худро иброз намуданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи ҷумҳурӣ” ҳуҷҷати муҳимми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян кардани рушду нумӯи мамлакат мебошад. Инчунин Паём дар баробари аҳамияти сиёсӣ – ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомез Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсонва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волояти қонун ва амсоли инҳо боиси баланд шудани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахсус ҷавонон мегардад.
Барномарезии фаъолият барои давраҳои тӯлонӣ ва кутоҳмуддат таҷрибаи боэътимоди собитшуда дар идоракунии давлатӣ маҳсуб ёфта, раванди корбарӣ ва ҳалли масъалаҳои мавҷударо баҳри таъмини рушду пешрафти кишвар муҳайё месозад. Дар ин масир паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат барномаи фаъолият барои тамоми ҷомеа дар як соли минбаъда буда, ҳар яки онҳо аз якдигар бо таҳлилу масъалагузориҳои худ фарқ мекунанд.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаълияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуда, вобаста ба таҳлилҳои гузаронидашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд. Дар робита ба ин метавон иброз дошт, ки аз диди назариявӣ Паёми навбатии Пешвои миллат бакорандозии механизмҳои иловагии бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тағйироти институтсионалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, пешниҳоди ғояи нави таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоиро ба ҷомеа пешниҳод намуда, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, тақвияти неруи инсонӣ, татбиқи чораҳои амалии тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ, инчунин таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа ва тарбияи насли созандаро бо пешниҳоди тадбирҳои мушаххас ва масъалагузориҳои дақиқ ба миён гузошт.
Аз диди сиёсӣ Паёми имсола пурра воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар бар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рӯйдоду ҳодисоти як соли охир дақиқ муайян намуд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза хусусияти таҳдидовар ба ҳамзистии осоиштаи халқу миллат ва давлатҳоро ба миён оварда, терроризм ҳамчун падидаи марговар амният ва суботи кишварҳои гуногунро халалдор намуда истодааст. Бо дарназардошти вазъи кунунӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди аз нав тақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баланд ихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд.
Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз ҷиҳати мавқеи географии худ дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷойгир буда, аз диди геополитикӣ осебпазир мебошад. Ин ҳама моро ҳушдор медиҳад, то ба масъалаҳои давлатдории миллии худ аз диди таъсири манфиатҳои абарқудратҳо назар карда, баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои ба манфиатҳои миллию давлатӣ таҳдидкунанда омодагии доимӣ дошта бошем. Зеро дар сиёсатибайналмилалӣ на дӯстонудушманон, балки манфиатҳонақшиҳалкунандадоранд.
Таҷрибаи давлатдорӣ дар 33 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам дар меҳвари сиёсати давлат маҳз масъалаи инсон, боло бурдани сатҳи иҷтимоии ӯ, ҳифз, тақвият ва истифодаи самараноки неруи инсонӣ ва мусоидат ба камолоти ҳамаҷонибаи ӯ истода, мақсади рушд низ маҳз ба ҳамин самт равона шудааст. Зеро сиёсате, ки ҷавҳари онро инсон дӯстӣ ташкил медиҳад, сиёсати устувор ва башардӯстона буда, баҳри такомул ва ғани гардонии сармояи инсонӣ имконияти ғанӣ дорад. Ҷиҳати тақвияти фаъолият дар ин самт ва ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда, дар Паёми навбатии Пешвои миллат тадбирҳои мушаххас дар самти тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баён гардиданд, ки бори дигар эътимоди мардумро ба пуштибонии давлату Ҳукумат, бахусус содиқ будан баҳри иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии ниҳодҳои давлатӣ дар назди ҷомеа комил мегардонад.
Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки рушду пойдории истиқлолияти комили давлат дар заминаи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, ватандӯсту соҳибмаърифат ва дорои сатҳи баланди маърифату фарҳанги сиёсӣ метавонад пойдор монад. Ин омил дар замони ҳозира муҳимияти махсус касб намудааст. Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат вобаста ба тарғиби истиқлолият, соҳибватанӣ ва озодӣ омили меҳварӣ дар роҳи ташаккул ва рушди мафкураи давлатсозӣ ва миллатсозӣ дар ҷомеа буда, имконият медиҳад, то дар шинохти ин арзишҳои муқаддас ҳар як шаҳрванди мамлакат комёб гардад.
Воқеан, зикр намудан ҷоиз аст, ки Паёми навбатии Роҳбари давлат бояд роҳнамои ҳар як шаҳрванди баори кишвар, хусусан барои мо – хизматчиёни давлатӣ, бояд як дастури рӯйи мизӣ бошад. Зеро дар ин Паём тамоми бурду бохти соҳаҳои хоҷагии мамлакат тайи як соли гузашта истода ва нақшаву вазифаҳо барои як соли меомада дар назар дошта шудаанд.
Дар робита ба ин суди иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2024 бармеоянд, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С.