Баъди эълони Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр эътироф гардид, ки ин дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон буда, ҳамчун ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлат имкон дод, ки Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон дар арсаи байналмилалӣ ҷой ва мавқеи хоси худро пайдо намояд. Дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушду такомули давлатдории навин Ҷумњурии Тољикистон пайваста қадамҳои устувори худро гузошта, дар даврони истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Барои рушди минбаъдаи фаъолияти судӣ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи ҷомеаи муосир аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Қайд намудан ба маврид аст, ки масъалаи рушду пешрафти низоми судӣ, таъмини мустақилияту шаффофияти фаъолияти судҳо дар кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дорад.
Маҳз дар заминаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳким бахшидан ба рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаҳои ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ” тасдиқ карда шуданд.
Бо қабул гардидани санадҳои мазкур низоми судии мамлакат комилан дигаргун гардида, дар ин асос қонунгузории мурофиавии Тоҷикистон, аз қабили кодексҳои мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ, гражданӣ ва ғайра қабул карда шуданд, ки дар онҳо нақши ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шањрванд дар мадди аввал гузошта шуданд.
Бояд қайд кард, ки барои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мақоми баланди ҳокимияти судӣ дар ҷомеа хос аст, зеро суд арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро, ки вазифаи муқаддаси давлат аст, риоя ва ҳифз менамояд. Баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад”.
“Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ ҳокимияти судии мустақил ва беғараз нақши асосӣ дорад”.
“Имрӯз барои ҷамъият ҳимояи суди пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро танҳо суде таъмин карда метавонад, ки нерӯманд ва дахлнопазир бошад”.
Президенти Ҷумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид доштанд, ки фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқадамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост.
Барои таҳкими ҳокимияти судӣ ва рушди минбаъдаи он роҳбари давлат интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои судӣ ва баланд бардоштани касбияти судяҳоро яке аз вазифаҳои асосӣ шуморида, иҷрои ин масъалаи муҳимро ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуданд.
Дар асоси чунин дастуру супоришҳо дар мақомоти судии кишвар дар қатори судяҳои кордону пуртаҷриба садҳо судяҳо аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманду кордон рӯи кор омаданд, ки имрӯз дар рушди низоми судии кишвар саҳми арзанда ва муносиб доранд.
Бояд қайд намуд, ки судҳои иқтисодӣ низ самараи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва низоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд. Маҳз вусъати бемисли рушди бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, тамадуну фарҳанги ҷаҳони муосир, шиддатнокии ба вуқӯъ пайвастани ҷараёни глобализатсия, хусусан дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, инкишофи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байналмилалии соҳибкорӣ ва ҷараёни сармоягузорӣ барои таъсис додани судҳои иқтисодӣ ҷиҳати беамалбарории адолати судӣ ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ заминаи боэътимод гузошт.
Пас аз соҳибистиқлол эълон гардидани Тоҷикистон, ислоҳоти бунёдии иқтисодиёт ҷараён гирифта, шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омаданд ва ҷои муносибатҳои маъмурию идоракуниро муносибатҳои молию пулӣ гирифтанд. Ҷои нақшаро бошад шартнома ишғол намуда, аз тарафи давлат мустақиман идоракунии марказонидашудаи иқтисодиёт иваз шуд. Бинобар ин, зарурияти ташкили судҳое ба миён омад, ки бо баҳисобгирии таҷрибаи мусбати андӯхтаи арбитражҳои давлатӣ, дар асоси меъёрҳои мурофиавӣ баҳси байни соҳибкорон, инчунин баҳси соҳибкоронро бо мақомоти давлатӣ ҳал мекарданд. Зимнан бояд ба тарафҳои баҳскунанда имкониятҳои баробари ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои вайроншуда ё мавриди баҳс қароргирифта таъмин карда мешуд.
Дар ҳайати судҳои иқтисодӣ солҳои охир дар қатори судяҳои пуртаҷриба ва корозмуда судяҳои ҷавону лаёқатманд хеле зиёд сари кор омадаанд, ки дар рушду такомули пешрафти ҳокимияти судӣ нақши муҳиму арзанда доранд.
Раиси суд Искандарзода Б.М.