Мизи мудаввар дар мавзуи “Артиши миллӣ – кафили суботи ҷомеа”

Санаи 23 феврали соли 2026 бо ибтикори роҳбарияти Суди иқтисодии вилояти Хатлон мизи мудаввар дар мавзуи “Артиши миллӣ – кафили суботи ҷомеа” бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он И.в Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С. судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар навбати худ И.в Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С. қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар ҳама давру замон оромӣ ва сулҳу субот калиди музаффариятҳои ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад, дар ин росто, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани амнияти давлат ва миллат нақши бориз дорад. И.в Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С. аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми ҳозиринро бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрик намуда, ба ҳамагон орзуи некномиву некбахтӣ, вусъат ёфтани нерӯи илми тоҷик дар фазои амнияти кишварро таманно намуданд. Инчунин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд оид ба ташкил ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, ҳамагонро ба ин рӯзи фархунда табрик намуданд. Ҳамзамон, мавсуф зикр намуданд, ки имрӯз фазои амнияти кишвар орому осуда буда, моро зарур аст, ки дар фазои Истиқлоли давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, то нерӯи илмии мамлакат ба таври зарурӣ рушду такомул ёбад.

Прокрутить вверх