Аз 26 то 28 июни соли 2024 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П., Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Ю.А., Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашуриён М. ва намояндагони дигар мақомоти давлатӣ дар Форуми 12-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар форум инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон иштирок намуданд. Ба иштирокдорони форум намоишгоҳҳои гуногун, аз ҷумла дастовардҳои охирини мақомоти давлатии Федератсияи Русия, роҳҳои иноватсионии ҳалли мушкилот ва масъалаҳои ҷорӣ манзур гардиданд.
Усулҳои омӯзиш ва гузаронидани экспертизаҳои судӣ, дигар воситаҳои муосири криминалистӣ, ки ба тафтиши самаранокии ҷиноятҳо, ошкор кардани шахсони ҷиноят содирнамуда аз ҷониби намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Маркази экспертизаҳои судии назди Вазорати адлияи Федератсияи Русия, Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ мусоидат менамоянд, муаррифӣ шуданд.
Вобаста ба фаъолияти ҳуқуқшиноси шинохтаи Федератсияи Русия, судя, айбдоркунандаи давлатӣ ва ходими намоёни ҷамъиятӣ Анатолий Кони намоишгоҳ ташкил гардида буд, ки дар он ашёҳои шахсӣ, аксҳо ва парвандаҳои маъмулии ӯ муаррифӣ карда шуданд.