Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон вобаста ба даргузашти бармаҳали падари судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Раҳмонзода Баҳром Исмоилхон – Раҳмонов Исмоилхон тасаллияти хешро баён ва андуҳи ин талафоти бебозгаштро бо ҳам қисмат менамоянд.
Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез ба аҳли оила, хешу наздикон ва ба писари марҳум – Раҳмонзода Баҳром Исмоилхон изҳори ҳамдардӣ намуда, ҳамзамон аз даргоҳи илоҳӣ хоҳони онро доранд, ки руҳашон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад.