Санаи 04 майи соли 2024 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, таҳти раисии Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хайриддинзода А., судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҷ.Ҳ., Наимзода Б. ва Ҷалилзода Х. Муовини сардори раёсати ташкили судҳо ва баррасасии муроҷиатҳо Самадзода Б.Қ., судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С. ва Раҳмонзода Б барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон бо аҳли сокинони ноҳияи Дӯстӣ доир ба омӯзиш ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва моҳияти эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ суҳбату вохӯрӣ доир намуда, ба саволҳои иштирокчиён маҷлис посухҳои мушаххас гардониданд.
Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҷ.Х., дар баромади худ зикр намуд, ки яке аз масъалаҳои хеле муҳиме, ки мавриди ташвиши ҷомеаи муосири кишварамон қарор гирифта буд, ин масъалаи хурофоту таасуб ва васеъ паҳн гардидани онҳо дар байни мардум мебошад. Шаҳрвандон дар таҷлили расму ойинҳои миллӣ ба дараҷаи хурофот расида ташвишовараш буд, ки ба ин исрофкорию худписандӣ ҳатто хусусияти диннию мазҳабӣ медоданд.
Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҷ. инчунин муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузорӣ ва камхарҷ гузаронидани ҷашнхои оилавӣ, аз ҷумла зодрӯз, туйи домодию арӯсӣ, маросими дафну азодорӣ ва ғайраро фаҳмонида дод.
Инчунин, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Б. қайд намуд, ки қонуни мазкур, баҳри манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандони кишвари маҳбубамон қабул шуда, дар таҷрибаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин қонунӣ миллӣ мебошад. Амали қонуни мазкур тавонист шахрвандонро аз хурофоту таъасуб озод намуда, шароити иҷтимоии оилаҳои камбизоатро беҳтар намояд. Дар заминаи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расму оинҳои нолозим тадриҷан аз байн рафта, шаҳрвандон имкон пайдо карданд, ки бештар ба масъалаҳои беҳтар намудани сиҳатию саломатӣ, шароити муносиби зист барои оила ва тарбияи фарзандон аҳамият диханд.
Ба ҳамаи пешравиҳо дар самти риояи қонуни мазкур боз мутаасифона ҳоло хам дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки дидаю дониста талаботи қонунро мадди назар карда, ба қонуншиканӣ даст мезананд, ки оқибат мавриди ҷазоҳои маъмурӣ қарор гирифта, ҳолати молиявии худро бадтар месозанд.
Қайд гардид, ки қонуни мазкур омили асосии рушду камол ёфтани ҷавонон ва наврасон буда, маҳз амали ин қонун тавонист ҳуқуқвайронкуниҳои дар байни ҷавонону наврасон содиршавандаро ба маротиб кам намояд ва масъулияти падару модарон ва дигар ниходхои масъулро дар самти ба омузиш фаро гирифтани ҷавонону наврасон ва эҳтироми ҷавонону наврасонро ба риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дучанд намояд.
Дар анҷом судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б. оид ба моҳияти эълон гардидани соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ баромад намуд.