Истиқлолият муҳимтарин рукни худшиносӣ ва худогоҳии ҳар фарди ҷомеасоз аст, ки бе ягонагиву ваҳдати комили инсонҳо ба даст намеояд. Аз ин рӯ шояд дар саросари дунё халқе ва ё миллате нест, ки ваҳдатро гиромӣ надорад. Бигзор калимаи ваҳдат дар ҳар забон ҳар гуна садо диҳад, аммо муҳтавои ғояи он барои тамоми аҳли башар баробар азизу муътабар ва муқаддасу арзишманд маҳсуб мегардад. Ин вожаи муқаддаси ваҳдат махсусан, барои мо – тоҷикон, боз ҳам баландқадру боманзалаттар аст. Бадин манзур муҳимтарину муқаддастарин дастоварде, ки миллати дардошнои мо ноил гардид, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ буд.
Дар таърихи ташаккул ва такомули ниҳоии худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро аз сар мегузаронад, ки дар он доир ба масъалаи ягонагӣ, якпорчагӣ ва иттифоқи байни воҳидҳои маъмурӣ ноил шудан ба мувозинати доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишрҳо ва табақаҳои кишвар муяссар намешаванд. Халалдор шудани ваҳдат ҳеҷ гоҳ ба шумораи аҳолӣ ва ҳудуди марзии давлату миллат иртиботе надорад. Дар сурати гум шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ нооромӣ метавонад, як кишвари хурдеро ончунон, ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худ кашад, ки шаҳрвандонаш дар идроку тааққули воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он як муддат бечораву оҷиз мемонад. Шояд таъсири ягон қонунҳои нонавишта ҷой дошта бошад, зеро андешидани чораҳои аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию мантиқӣ комилан дуруст ҳам дар бисёр ҳолатҳо пешгирии оқибатҳои нохушоянди ин равандро дар консепсияи фалсафию ирфонии “муборизаи зидҳо” номумкин мегардонад.
27 июн аз қабули санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки моро аз гирдоби фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳили наҷот, саодату хушбахтӣ ва пирӯзиву комёбиҳо расонд, бисту шаш сол пур мешавад. 26 сол дар назди таърих фурсати зиёд нест, вале бо назардошти он ҳама муваффақияту пешравиҳо, ки халқи Тоҷикистони азиз дар муддати 26 соли ҳамгироӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ даст ёфт, метавон гуфт, ки омил ва асоси тамоми пешравию комёбиҳо аз Ваҳдати миллӣ сарчашма мегиранд.
Бо шарофат ва баракати сулҳ, барқарор гардидани суботи сиёсӣ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ 26 сол қабл дар кишвар пойдевори рушду инкишоф ва пешрафту тараққиёт гузошта шуд ва роҳи ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз боз гашт. Дар он замони ҳассос маҳз ғояи Ваҳдати миллӣ эътиқоди мардумро ба ояндаи неку дурахшон ва саодатбахш пурқувват намуда, дӯстии байни халқу миллатҳоро пурқувват кард. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.
Истиқрори сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ, бе муболиға, яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири садаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.
Ҷангу нооромӣ, вазъи ногувори кишварҳои минтақаву ҷаҳон, авҷ гирифтани фаъолиятҳои экстремистиву террористӣ, таҳдиду хатарҳои нав ба нав ба амнияити ҷаҳон моро ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи таҳкими Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем ва ҳифзу устувор нигоҳ доштани ин ғояи муқаддасро дар муқобили таҳоҷуми идеологиву иттилоотӣ ва амалкарди гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш шуморем. Зеро дар замони имрӯз бо таваҷҷуҳ ба вазъи ногувор ва ноустувори сиёсӣ дар ҷаҳон Ваҳдати миллӣ чун ғояи муттаҳидкунандаи миллат арзиши нав касб намуда истодааст.
Албатта, бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва қимати сулҳу суботро бештар дарк ва қадр хоҳем кард. Имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ба тамоми оламиён маълум аст ва тамоми созмонҳои байналмилалӣ онро ҳамчун падидаи нодири ҳаёт эътироф карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар ҷаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор медиҳанд. Бинобар ин, барои омӯхтани паҳлӯҳои гуногуни сулҳи тоҷикон, ҳамчун падидаи нодир эътироф гаштани он, роҳҳои татбиқи он дар нуқтаҳои доғ пешниҳод менамоям, ки дар кишвар дар заминаи инстутҳои омӯзишӣ Маркази омӯзиши сулҳ таъсис дода шавад. Зеро имрӯз тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, тинҷию осудагӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳию худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат аз ҳарвақта бештар аҳамият касб кардааст.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”.
Бояд гуфт, ки баъди имзои Созишномаи сулҳ барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини давра ба давраи сулҳу оромӣ, фароҳам овардани муҳити эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои хушунат ва даргириҳои мусаллаҳона, тарғиби ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ ва дар амал татбиқ сохтани муқаррароти санадҳои имзошуда, муҳайё намудани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо тасмими тарафҳои музокироти сулҳи тоҷикон замина ва шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки баъдтар он бо номи таҷрибаи сулҳи тоҷикон маъруф шуд.
Сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ вақте устувор ва бебозгашт мешаванд, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёбанд. Ин марҳала, ки дар илми сиёсатшиносии муосир бо номи «сулҳсозӣ ё эҷоди сулҳ” ёд мешавад, аз лиҳози аҳаммият камтар аз марҳалаи сулҳофаринӣ нест, балки бештар мебошад.
Ваҳдати миллӣ танҳо дар сурате тақвият меёбад, ки таъмингари ин падида – миллат, халқ ва давлати миллӣ муттаҳид, яктану якдил бошанд ва давлат барои амалӣ гардидани ваҳдат аз тамоми имконияту воситаҳо ва роҳу усулҳо мақсаднок истифода намояд.
Ваҳдат ҳамчун омили муайянкунандаи бақои давлати миллӣ танҳо дар сурати ягонагиву ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва муносибати некбинонаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Андешаи миллатсозии ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меорад, ки қабл аз ҳама моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати истиқлоли давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад ва решадор гардад.
Сулҳ аз ҷумлаи арзишҳои бебаҳоест, ки башарият дар тӯли таърихи дурударози худ эҷод кардааст ва ҷавҳари онро заковати мардуме ташкил мекунад, ки соҳиби хирад ва фарҳанги қадимаву инсондӯстона аст. Фақат чунин мардум қодир аст, ки ҳама гуна мухолифат ва низоъро бо роҳи музокирот, яъне эҳтироми ақидаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоии баъзан зидди ҳамдигар, пеш гирифтани сиёсати гузашт ва муросо ҳаллу фасл намояд.
Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст. Тавоноӣ ва хушбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати он вобаста мебошад.
Таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири ҳаёт эътироф карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар ҷаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор медиҳанд. Бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро имрӯз тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, тинҷию осудагӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳию худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат аз ҳарвақта бештар аҳаммияти бештар касб кардааст.
Мо бояд, зиракии сиёсӣ, дониши васеъ, ҷаҳонбинии дақиқ, имконот, таҷриба, шуури дунёдарккунӣ ва афкори равшанбинона нагузорем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки нияти нопок доранд, ҳадафҳои худро дар кишвар амалӣ созад.
Мо бояд бо ақлу давлатсозии азалии хеш мабдаъ ва маоди ваҳдати асливу азалиро дар зеҳни насли имрӯзу фардо беш аз пеш бедор намоем.
Мо бояд, дар ҳама ҳолатҳо масири илму донишро дунболагирӣ намоем. Маърифат ва ҳисси гиромидошти Ваҳдати миллиро дар руҳи мардум парвариш диҳем.. Рӯҳи ваҳдати аслиро тавассути омӯзиши таъриху фарҳанг дарк намуда, тақвият бахшем. Дар ҳамовозӣ бо паёмҳои ваҳдатбахши Пешвои миллат рисолати худро дурусттару муассиртар анҷом бахшида, Тоҷикистони азизи худро аз ин беш ба авҷи пешрафту ифтихор бирасонем. Ба ормонҳои баланди милливу майҳанӣ содиқ бошем, миллатро бо неруи қудрати ақлонӣ мусаллаҳ намоем ва ҳамеша ӯро руҳан қувват бахшем.
Ватандориро чун зеботарин ибодат пазиро намоем. Бо ҷиддияту ҳавсалаи тамом барои пешрафту созандагии ӯ бикушем. Ба усули инсонӣ ва маънавият такя дошта бошем. Танҳо бо ин васила метавонем аз душвориҳо ва раванди ҷаҳонишавӣ сарбаландона бигзарем. Мунодии асили Ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умрҳо хунобаи дил хурду ин давлату миллатро барои мо бо ашки гарму оҳи сард сохт. Мо бояд бо рушди такомули маънавият, иттиҳод, садоқат ва дилбастагӣ Ваҳдати миллиро чун рӯҳ ва азамати ҷовидона ба ояндагон ба саломат бирасонем.
Азиззода Фаридун Абдулазиз