Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаҳои бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯй ба манфиати халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Баробари ба даст овардани истиқлолият якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ, ки бо сарварии фарзанди вафодори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарӯзӣ мебурд, кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд.
Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати аз сидқи дилу бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст.
Истиқлолият дастоварди бузурги халқи тоҷик аст. Истиқлолияти давлатии кишварро ҳифз намудан вазифаи ҷонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Моро зарур аст, ки воқеъан ҳам ба ин неъмати бебаҳою беназир арҷгузорӣ намуда, баҳри ҳифзи он ҷони азизи хешро дареғ надорем.
Судяи Суди иқтисодии
вилояти Хатлон Саидзода З.С.