БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА «РУЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ»

Санаи 25 октябри соли 2025 дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили иди «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» бо иштироки Раиси суд, муовини раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҳамоиши идона баргузор гардид.

Нахуст, Раиси суд зимни суханронии хеш судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро бо «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» табрику таҳният гуфта, барои бо рияову иҷрои ҳатмии қонунҳо ва масъулияти баланди касбӣ анҷом додани вазифаҳои хизматӣ ва ба халқу Ватани маҳбубамон содиқонаву беғаразона хизмат карданро даъват ба амал оварданд. Дар ҷараёни ҳамоиш кормандони дастгоҳи  суд, ки дар вазифаи худ бо садоқат, масъулият ва дасту дилу нияти пок фаъолият доранд бо «Ифтихорномаи Раиси суд» қадрдонӣ карда шуданд. Ин иқдом нишони эҳтиром ба меҳнати поквиҷдона ва таҷрибаи арзандаи онҳо буда, ҳамзамон ба таҳкими анъанаҳои беҳтарини касбии кормандони дастгоҳи суд мусоидат менамояд.

Прокрутить вверх