АРТИШИ МИЛЛӢ ТАЪМИНКУНАНДАИ АМНИЯТУ ОРОМИИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ

Бузургон дуруст қайд намудаанд, ки “Таҷрибаи давлатдории миллату халқиятҳои олам собит намудааст, ки ҳастии ҳар як кишвару ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он бе Қувваҳои Мусаллаҳи пуриқтидори худ вуҷуд дошта наметавонад. Чунки ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлатро таъмин менамояд.”

Мардуми Тоҷикистон аз таърихи начандон куҳани худ огоҳанд, ки пас аз пош  хӯрдани Иттиҳоди Давлатҳои Шӯравӣ ҷумҳурии навтаъсиси мо дар фарқият аз дигар кишварҳои дар Осиёи миёна таъсисёфта, ба вазъи тезутунди сиёсӣ дучор гардида, ҷанги бемаъниву харобиовари дохилиро аз сар гузаронид.

Аз ин лиҳоз, кишвари мо аз артиши пуриқтидори давлати Шӯравӣ ягон техникаву силоҳу муҳиммоти низомиву ҷангиро ба мерос гирифта натавонист.

Тавре борҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баён намуда буданд, артиши миллии мо дар шароити бисёр мураккаби низоъи дохилӣ, дар ҷойи холӣ ва аз сифр бунёд карда шуд.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Гарчанде, ки дар он давра вазъи сиёсии дохилӣ бисёр мураккаб буд, соли 1993 бори аввал дар майдони “Дӯсти”-и шаҳри Душанбе гузашти низомии қисму воҳидҳои навтаъсиси Артиши миллӣ доир гардид, ки аз он рӯз, санаи 23-юми феврал расман Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои тақвият бахшидани қобилияти мудофиавии кишвар, беҳдошти шароити хизмативу майишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамуд.

Дар ин давра дар доираи ислоҳоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар навгониҳои зиёд ворид карда шуданд.

Аз ҷумла, дар сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои низомӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбии оливу миёна ва дигар идораҳои низомӣ, таъсис дода шуда, навъи қӯшунҳо такшил карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса баён намуда, нисбат ба фарзандони содиқи ин Ватан, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар бунёди артиши миллӣ саҳм гузоштаву то охирин нафас ба халқу давлат софдилона хизмат намудаанд, доимо изҳори қадрдонӣ менамоянд.

Президенти мамлакат дар баромадҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Воқеъан мо бояд ба хизмати ҷоннисоронаи аскарону афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки шабу рӯз баҳри амнияту оромиши мардум ва сулҳу суботи давлати азизамон заҳмат мекашанд, эҳтироми худро баён намуда, хизмати онҳоро қадрдонӣ намоем.

Аз фурсати муносиб истифода намуда кормандони Суди иқтисодии вилояти Хатлон ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон табрику таҳният намуда, таманно менамоянд, ки доимо дар ватани маҳбубамон сулҳу ваҳдат ва оромишу амният пойдор бимонад.  

Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон                               Искандарзода Б.М.

Прокрутить вверх