ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ САНАДИ ТАКОНДИҲАНДА РУШДУ НУМӮИ ДАВЛАТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими сиёсию иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар он тамоми самтҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии кишвар муҳокима гардида, зимни ироаи он аз ҷониби Президенти мамлакат ҷиҳати таъмини рушди босуръати кишвар ҳадафҳои муайян гузошта мешаванд.

Ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ барномаи рушди ҷомеа ва давлатро баҳри  беҳбудӣ бахшидан ба  самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат, муайян менамояд.

Паёми Сарвари давлат аслан ҳисобот оид ба натиҷагирӣ аз соли гузашта ва дурнамо барои соли оянда ба мардуми кишвар тавассути Парлумон буда, ин падида ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Дар Паём ҳам самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ муайян гардида, дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат дар асоси таҳлил ва баҳогузорӣ маълум карда мешаванд.

            Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узви Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон 23 декабри соли 2022 бо иштироки намояндагони Парлумон, Ҳукумат, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорату идораҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳо, созмони ҷавонон, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари мамлакат ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат диққати махсус доданд.

Қайд гардид, ки дар давраи истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, барои расидан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолии кишвар, корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст.

Дар ҳамаи Паёмҳои худ, аз ҷумла дар Паёми навбатӣ низ Президенти ҷумҳурӣ дар назди мақомоти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро ба миён гузоштанд.

            Пешрафти иқтисодиёти мамлакат ба рушди соҳаи саноат алоқаи зич дорад, бинобар ин, дар Паём вобаста ба таъмини рушди иқтисоди миллӣ таъкид гардид, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шаванд.

            Аз мазмуни Паёми Президент маълум аст, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон яке аз масъалаҳои афзалиятноки мамлакат буда, Пешвои миллат бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чун анъана пешниҳод намуданд, ки музди меҳнати кормандони давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони муассисаҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия зиёд карда шаванд.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуда, дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.

Раҳмонзода Баҳром Исмоилхон

Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон

1 thought on “ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ САНАДИ ТАКОНДИҲАНДА РУШДУ НУМӮИ ДАВЛАТ”

Comments are closed.

Scroll to Top