Новости

Сафари кории намояндагони судҳои иқтисодӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Конгресси байналмилалии зидди буҳронии Петербург “Парадная Ассамблея” дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

Рӯзҳои 23-25 июли соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Кумитаи тадорукоти доимамалкунандаи форуми умумироссиягии идоракунандагони арбитражӣ, ҷаласаи Конгресси байналмилалии идоракунии зидди буҳронӣ баргузор намуд. Дар Форуми мазкур Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Б.М., Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т., судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Гулзода С.С., сардори раёсати ташкили кори судҳо ва …

Сафари кории намояндагони судҳои иқтисодӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Конгресси байналмилалии зидди буҳронии Петербург “Парадная Ассамблея” дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Read More »

Нишасти матбуотӣ

Санаи 23 июли соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи авали соли 2024 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар нишасти матбуоти Раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор, раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳамзазода Тоҳир Сафар, …

Нишасти матбуотӣ Read More »

Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи раёсат Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шарифзода Ҷамшед, муовинон, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Мутобиқи рӯзномаи маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии …

Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид. Read More »

Иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ дар Санкт-Петербург

 Аз 26 то 28 июни соли 2024 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П., Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Ю.А., Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашуриён М. ва намояндагони дигар мақомоти давлатӣ дар Форуми 12-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар форум инчунин намояндагони мақомоти …

Иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ дар Санкт-Петербург Read More »

Ҳамоиш бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ

Дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид. Ҳамоиш бо суханони ифтитоҳии раиси суд Искандарзода Б.М. вобаста ба аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва аҳамияти гиромидошти Ваҳдати миллӣ ва якдилии мардуми Тоҷикистон оғоз гардид. Ҳамзамон дар ҳамоиш муовини раиси суд Қурбониён …

Ҳамоиш бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ Read More »

Баргузории Фестивали таомҳои миллӣ

Дар давоми сафари кории худ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. дар Фестивали таомҳои миллӣ, ки дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен баргузор гардид иштирок намуда, аз таомҳои ба намоиш гузошташуда дидан намуданд.

Мусобиқаи бузкашӣ

Дар Ҷамоати деҳоти Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитамен мусобиқаи бузкашӣ доир гардид. Дар маросими ифтитоҳ ва ҷамъбасти ин озмун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. иштирок намуданд. Ҳадаф аз ин иқдом ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тағиби варзиш унвон мешавад. Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Озмуни ноҳиявии “Ҳунар Омӯз”

Бо мақсади муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хешташиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ дар ноҳияи Спитамен озмуни “Ҳунар омӯз” доир гардид. Иқдоми мазкур ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 роҳандозӣ шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи озмуни …

Озмуни ноҳиявии “Ҳунар Омӯз” Read More »

Таваҷҷуҳ ба соҳаи кишоварзӣ

Дар идомаи сафари корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии “Фотима” ва “Баландқӯрғон” дидан намуданд. Зимни боздид муҳтарам Мирзозода Р.П. ба масъулин ҷиҳати вусъат додани фаъолияти кишоварзӣ супоришҳо дода, баҳри беталаф ва сифатнок анҷом додани ҷамъоварии ҳосили кишт маслиҳат доданд.

Кумакҳои хайриявӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ

Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар партави дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Қурбон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷумла ба Филиали Ташкилоти ҷамиятии «Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон» дар шаҳри Бохтар кумакҳои хайриявӣ расонид.

Scroll to Top