ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ НИЗОМИ СУДӢ

«Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст».

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон

Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик як санаи муқаррарӣ нест. Он, пеш аз ҳама, соҳибихтиёрии давлат, имкони мустақилона муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва бунёди давлатдории навин мебошад.

9-уми сентябри соли 1991 саҳифаи нави таърихи давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Дар назди давлати соҳибистиқлол вазифаи бузург, яъне бунёди ҷомеае қарор гирифт, ки дар он қонун авлавият дошта бошад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз шаванд ва муносибатҳои ҷамъиятӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим гарданд.

Аз ҳамин нуқтаи назар Истиқлоли давлатӣ ва рушди низоми ҳуқуқӣ мафҳумҳои аз ҳам ҷудонашавандаанд. Давлати соҳибистиқлол бояд қонунгузории миллии худро дошта бошад, онро мутобиқи талаботи ҷомеа такмил диҳад ва барои татбиқи одилонаи қонун низоми муназзами судиро таъмин намояд.

Ҳамчун шахсе, ки солҳои зиёд дар низоми судӣ фаъолият намудаам ва шоҳиди марҳилаҳои гуногуни рушди он мебошам, бо итминон гуфта метавонам: истиқлолият ба низоми ҳуқуқӣ ва адолати судии Тоҷикистон такони бузург бахшид.

Қадами муҳимми таърихӣ дар таҳкими давлатдории соҳибистиқлол қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Қонуни асосӣ пояҳои давлати ҳуқуқбунёдро мустаҳкам намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф кард.

Барои низоми судӣ низ Конститутсия заминаи ҳуқуқии мустақилияти ҳокимияти судӣ ва татбиқи адолатро фароҳам овард. Адолати судиро танҳо суд амалӣ мекунад ва судя ҳангоми иҷрои вазифаи худ ба Конститутсия ва қонун итоат менамояд. Ин барои судя фақат меъёри ҳуқуқӣ не, балки масъулияти бузург аст.

Дар фаъолияти судӣ ҳар қарор метавонад ба ҳуқуқи инсон, моликияти шаҳрванд, фаъолияти соҳибкор ё манфиатҳои давлат таъсир расонад. Аз ин рӯ, судя бояд ҳар парвандаро бо масъулияти баланд, омӯзиши ҳамаҷонибаи далелҳо ва беғаразӣ баррасӣ намояд.

Дар солҳои истиқлолият низоми судии кишвар пайваста такмил ёфта, бо рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурати махсусгардонии фаъолияти судҳо низ бештар шуд. Имрӯз дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, судҳои ҳарбӣ, судҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои иқтисодӣ фаъолият мекунанд. Ин сохтор дар маҷмуъ ба як ҳадафи муҳим: таъмини дастрасии шаҳрвандон ва субъектҳои иқтисодӣ ба адолати судӣ хизмат мекунад.

Дар ин миён нақши судҳои иқтисодӣ махсус мебошад. Рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, муносибатҳои шартномавӣ ва молиявӣ бе муҳити боэътимоди ҳуқуқӣ тасаввурнопазир аст. Судҳои иқтисодӣ баҳсҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ карда, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорон ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ замина фароҳам меоранд.

Аз таҷрибаи касбӣ медонам, ки барои соҳибкор муҳим аст, ки агар ҳуқуқи ӯ поймол гардад, роҳи қонунии ҳимояи он вуҷуд дошта бошад. Боварӣ ба суд ва қонун дар навбати худ ба таҳкими интизоми шартномавӣ, масъулияти тарафҳо ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Суди иқтисодӣ танҳо маҳалли ҳалли баҳс нест. Фаъолияти он ба муҳити иқтисодӣ низ таъсир мерасонад, зеро ҳар як қарори қонунӣ ва одилона ба ҷомеа нишон медиҳад, ки уҳдадориҳои ҳуқуқӣ бояд иҷро шаванд.

Мустақилияти судя яке аз шартҳои асосии адолати судӣ мебошад. Аммо мустақилиятро набояд ба маънои озодӣ аз масъулият фаҳмид. Баръакс, судя ҳар қадар мустақил бошад, ҳамон қадар масъулияти ӯ бештар мегардад.

Судя бояд аз ҳар гуна фишор ва дахолати беруна озод бошад, вале аз қонун, савганди касбӣ ва виҷдони худ ҳаргиз ҷудо нест. Эътимоди мардум ба суд маҳз аз ҳамин ҷо оғоз меёбад.

Рушди низоми судӣ танҳо бо қабули қонунҳои нав маҳдуд намешавад. Технологияҳои муосир низ тадриҷан ба фаъолияти судҳо ворид мегарданд. Чунончи, 8-уми июни соли 2026 дар Суди вилояти Хатлон омӯзиш ва пайваст кардани Суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни он тарзи истифодаи низоми ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ ва фиристодани паёмакҳои иттилоотӣ ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ омӯзонида шуд.

Манзурам, рақамикунонии ҳуҷҷатгузорӣ метавонад ба баланд бардоштани самаранокии кор, танзими гардиши ҳуҷҷатҳо ва боз ҳам муосир гардидани фаъолияти мақомоти судӣ мусоидат кунад.

Имрӯз, баъди гузаштани беш аз се даҳсола аз эълони Истиқлолияти давлатӣ мо метавонем бо ифтихор аз ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ ва рушди ҳокимияти судӣ сухан гӯем. Вале мусаллам аст, ки ҳифзи ин дастовардҳо вазифаи ҳамешагии ҳар як фарди ватандӯст аст. Яъне соҳибистиқлолӣ ин фақат ҳифзи марзу буми кишвар нест. Он эҳтироми қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон, таҳкими адолат, масъулияти шаҳрвандӣ доштан ва садоқат ба давлату ватан низ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ин неъмати таърихиро бо фаъолияти софдилона, риояи қатъии қонун, таҳкими адолат ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳифз кунему гиромӣ дорем.

Сироҷиддин Сайдалӣ Сайвалӣ,

судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Scroll to Top