Санаи 10 октябри соли 2025 вохӯрии судманди судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода П.Ш., Саидзода З.С., мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодӣ Нусратуллоев С.А., муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С., судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Раҳмонзода Б.И. ва котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Файзализода С.К. бо кормандони филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Судяи Суди Олии иқтисодӣ Саидзода З.С. дар мавзӯи “Тадбирҳои муҳим дар самти сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ”, судяи Суди Олии иқтисодӣ Раҷабзода П.Ш. дар мавзӯи “Муқовимат бо коррупсия”, мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодӣ Нусратуллоев С.А. дар мавзӯи “Мубориза бо терроризм ва экстремизм”, муовини Раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С. дар мавзӯи «Оқибатҳои ҳуқуқии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ», судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Тероризм ва экстремизм хатар ба амнияти кишварҳо» ва котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Файзализода С.К. дар мавзӯи «Муқовимат бо коррупсия-омили пешрафти ҷомеа» баромадҳо намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, коллективи кормандони филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.




