Сулҳу ваҳдати миллӣ — асоси рушди давлат

Сулҳ ва ваҳдати миллӣ на танҳо арзишҳои ахлоқӣ, балки пояҳои устувори давлатдорӣ ва рушди ҷомеа мебошанд. Тоҷикистон, ки дар оғози истиқлолият ба ҷанги шаҳрвандии харобиовар дучор шуд, бо иродаи қавии мардум ва роҳбари хирадманд, яъне Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тавонист аз вартаи нобудӣ раҳо ёбад.

 Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва, оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид, ки ба рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар замина гузошт.

Таърих гувоҳ аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст омадани истиқлол (соли 1991), Тоҷикистон бо мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд.

Барангехтани ҳисси маҳалгароӣ аз ҷониби душманони хориҷӣ, набудани таҷрибаи идоракунии мустақил ва рақобати гурӯҳҳои сиёсӣ боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 гардид.

Ҷанг то 27 июни соли 1997 идома ёфта, беш аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва садҳо ҳазор нафар гуреза шуданд.

Аз соли 1994 сар карда бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид, Россия, Эрон ва Афғонистон музокироти сулҳ байни ҳукумати амалкунанда ва мухолифин оғоз гардид.

Дар ин давра тахминан 21 маротиба музокирот баргузор шуда, 40 ҳуҷҷати муҳим дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо ба имзо расид, ки ҳамаи онҳо замина барои ба имзо расонидани ҳуҷҷати асосӣ гардиданд.

Ҳамин тариқ, санаи 27 июни соли 1997, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Иттиҳоди мухолифин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расониданд, ки дар он масъалаҳои супоридани силоҳ, авф, бозгашти гурезагон ва ҳамгироии мухолифинро дар сохторҳои давлатӣ дар бар мегирифт.

Нақши муҳими таърихиро барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои фидокорона ва сиёсати хирадмандона иҷро намуданд ва ҳамин аст, ки имрӯз мо ин шахсияти таърихиро ҳамчун Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф менамоем.

Зеро, пас аз он, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд, аз рӯзҳои аввал барои сулҳ талош варзиданд.

Новобаста аз он, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шароити хатарнок барои ҳаёташон вуҷуд дошт ва дар ин кишвар низ вазъи номусоиди сиёсӣ амал мекард, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба даст овардани сулҳ ҳаёти худро дар хатар гузошта ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар карданд ва дар он ҷой бо роҳбарони мухолифин гуфтушунид анҷом доданд.

Худи Президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён дошта буданд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои барқарор шудани сулҳ равона мекунам».

Ҳамин буд, ки бо ирода ва ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, музокироти сулҳ натиҷа дод ва Тоҷикистон ба сулҳу ваҳдати пойдор расид.

Пас аз расидан ба ваҳдати миллӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба марҳилаи нави созандагӣ ва рушду нумӯъ ворид шавад.

Қаҳрамонии дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир меёбад, ки ҳанӯз аз аввалин лаҳзаҳои ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шудан, ваъда доданд, ки тамоми гурезаҳоро ба ватан бармегардонанд ва ба ин ваъдаашон вафо намуданд, зеро дар як муддати кӯтоҳ бозгашти садҳо ҳазор гуреза ба Ватан таъмин гардид.

Cохторҳои давлатӣ ислоҳ шуда, Конститутсияи нав қабул гардида,  қонунгузории миллӣ пурра такмил дода шуда, ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуданд.

Инчунин, дар ин давра сохтмони роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохторҳо оғоз ёфта, иқтисоди миллӣ тадриҷан аз бӯҳрон берун шуд ва Тоҷикистон рушди устуворро оғоз кард.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ дар ҷаҳон шинохта шуда, Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли СММ, таъкид карда буданд, ки «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори омӯзиш аст». Ин таҷриба дар конфронсҳои байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ баррасӣ мешавад ва имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва устувор дар минтақа шинохта шудааст.

Сулҳу ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо як дастоварди таърихӣ, балки асоси рушди устувори давлат мебошад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки бо иродаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва гуфтугӯ метавон ҳатто шадидтарин низоъҳоро ҳал кард.

Имрӯз, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ин арзишҳоро ҳифз намуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди Ватан саҳм гузорад.

Раиси суд                                                               Искандарзода Б.М.

Scroll to Top