5 марти соли 2025, дар суди иқтисодии вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ бо иштироки сардори раёсати Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода З., раиси суд Искандарзода Б.М., муовини раис, судяҳои суди иқтисодӣ ва кормандони дастгоҳи суди иқтисодии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар кори маҷлис фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №976 аз 04 марти соли 2025 дар бораи таъин намудани Ҷаборзода Ҳикматуллоҳ Хонҷон ба ҳайси судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон хонда шуда, судяи мазкур ба ҳайати суди иқтисодии вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуд.By Админстратор / 03/07/2025