Санаи 12 феврали соли 2025 дар бинои суди иқтисодии вилояти Хатлон ҳамоиш вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва омӯзиши Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бргузор гардид.
Сараввал ҳамоишро раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. оғоз намуда, вобаста ба аҳамияти омӯзиши Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ баромад намуданд.
Баъдан муовини Раис Қурбониён Б.С., судяҳо Сайдалӣ С.С., Азизӣ Ҷ.А. ва Раҳмонзода Б.И. вобаста паҳлӯҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии дар Паёми Президент баёншуда суханронӣ намуданд.
Сипас, кормандони дастгоҳи суд Комилӣ С.Ф., Азизӣ Ҳ.П., Исозода С.М. ва Маҳмадуллозода Д.М. дар мавзӯъҳои вобаста ба омӯзиши “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аҳамияти пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия”, “Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа” баромадҳо намуданд.





