Нишасти матбуотӣ

Санаи 23 июли соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи авали соли 2024 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар нишасти матбуоти Раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор, раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳамзазода Тоҳир Сафар, муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С., судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои вилояти Хатлон, Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Раҳмонзода Б.И. ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон,иштирок намуданд.

Дар оғоз Раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 шинос намуд.

Қайд гардид, ки вазифаҳои мақомоти судӣ тибқи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа буда, бо ҳамин мақсад корҳои муайяне амалӣ карда шуданд.

Нахуст Муовини раиси Суди вилояти Хатлон доир ба фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар нимсолаи авали соли 2024 мухтасар маълумот дод.

Баъдан раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Тоҳир Сафар доир ба фаъолияти Суди ҳарбии гарнизони Хатлон дар соли 2023 мухтасар маълумот дод.

Сипас муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С. доир ба фаъолияти Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2024 маълумот дода иброз намуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2024, 354 адад ариза ворид гардидааст, ки аз онҳо 28 аризаи даъвогӣ баргардонида шуда, 324 аризаи даъвогӣ ба истеҳсолоти судӣ қабул карда шуда аз рӯи онҳо парвандаи иқтисодӣ оғоз карда шудаааст. Ҷамъи умумии парвандаҳо, бо назардошти 44 парванда аз соли 2023 боқимонда, 368 ададро ташкил медиҳанд. 

Аз шумораи умумии парвандаҳо  300 адади он моҳиятан баррасӣ карда, санадҳои ниҳоии судӣ қабул карда шудааст. Аз ҷумла, вобаста ба 144  адад парванда даъво пурра, нисбати 50адад парвандаҳо даъво қисман қонеъ карда шуда, аз руи  53  адад парвандаҳо даъво рад карда шудааст. Инчунин вобаста ба 17 адад парвандаҳо аризаҳо бебаррасӣ мононда шуда, 36 адад парвандаҳо дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шудааст, аз ҷумла  10  адад бо тасдиқ гардидани созиши оштӣ. Парвандаҳои нотамом бошад, дар охири давраи ҳисоботи 68 ададро ташкил медиҳад.

Аз рӯи парвандаҳои ба суд воридшуда ва баррасигардида, маблағи 95791,20 сомонӣ боҷи давлатӣ пешпардохт карда шудааст. Маблағи 1293008,45 сомонӣ боҷи давлатӣ бо ҳалномаҳои судӣ руёнида шудааст, ки аз ин 130909,45 сомонӣ воқеан ба буҷаи давлат ситонида шудааст.

Аз рӯи парвандаҳои ба суд воридшуда ва баррасигардида, маблағи 95791,20 сомонӣ боҷи давлатӣ пешпардохт карда шудааст. Дар давраи ҳисоботи маблағи 1293008,45 сомонӣ боҷи давлатӣ бо ҳалномаҳои судӣ руёнида шудааст, ки аз ин 130909,45 сомонӣ воқеан ба буҷаи давлат ситонида шудааст.

Боиси қайд аст, ки дар ҳамин давра инчунин иҷроиши боҷҳои давлатӣ аз руи ҳалномаҳои аз соли 2019 то соли 2023 руёнидашуда ба маблағи умумии 520 728,23 сомонӣ таъмин карда шуда, дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ рӯёниши боҷи давлатӣ ба маблағи умумии 651 637,68  сомонӣ  ба фоидаи давлат таъмин карда шудааст.

Ҳамзамон дар ин давра 2 адад супориши судии давлатҳои хориҷӣ баррасӣ гардида, 2 адад парванда бо иштироки шахсони хориҷӣ баррасӣ карда шудааст.

Оид ба баррасии ариза ва пешниҳодҳо вобаста ба иҷрои санадҳои судии судҳои иқтисодӣ 32 адад ариза баррасӣ шуда, 4  адади он қонеъ,  23  адад қисман қонеъ ва 5 адад ариза рад карда шудааст;

Оид ба даъвоҳои аз ҷониби прокурор пешниҳодшуда 46 адад парванда ба маблағи 43 211 217,23 сомонӣ баррасӣ шуда, вобаста ба 40 адад парванда даъво пурра ва нисбати 5 адад парванда даъво қисман қонеъ карда шуда, маблағи 30 568 915,56 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2024, ҷамъи умумии маблағҳои зиёни ба фоидаи  давлат рӯёнидашуда 63 361 947,56 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2023, ба маблағи  47 955 431,35  сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ, санадҳои судӣ вобаста ба  зиёни ба фоидаи давлат рӯёнидашуда ба маблағи 20 351 327,42 сомонӣ воқеан иҷро карда шудааст, ки ин маблағ нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2023 – 4 086 248,62  сомонӣ зиёдтар мебошад.

Дар ин давра аз тарафи судяҳо вобаста ба  81  адад парвандаҳо маҷлисҳои сайёри судӣ гузаронида шудааст.

Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023, тарғибу ташвиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, дар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда шуда, 93 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо, 49 маротиба баромадҳо ба воситаи садо ва 48 маротиба баромадҳо ба воситаи симо ташкил ва гузаронида шуда, 43 адад мақолаҳо дар мавзӯҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ба чоп расонида шудааст.

Дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон, қабули шаҳрвандон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда шуда, роҳбарият ва судяҳо рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта 11 нафар, рӯзҳои корӣ 74 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, ба 5 адад муроҷиатҳои хаттӣ ҷавоб гардонидаанд, ки дар маҷмӯъ 90 адад муроҷиатро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон се адад ҷойи кории нав, аз ҷумла ёрдамчии раиси суд, пристави суд ва котиби маҷлиси судӣ ҷудо гардида, бо мақсади таъмини онҳо бо утоқҳои корӣ бо дастгирии роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар бинои суд сохтмони се адад утоқҳои иловагии корӣ оғоз карда шуда, таъмири ҷории бинои суд идома дорад.

Кормандони Суди иқтисодии вилояти Хатлон минбаъд низ фаъолияти худро  баҳри таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун равона намуда, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

Муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С. қайд намуд, ки таъмини иҷрои санадҳои судӣ, аз ҷумла санадҳои судие, ки дар асоси онҳо зарари ба давлат расонидашуда ва боҷи давлатӣ руёнида шудааст, зери назорати доимии роҳбарият қарор дода шуда, дар ин самт суди иқтисодӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Сипас, намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Scroll to Top