Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ” соли 2016 қабул карда шудааст.
Дар модда
и 1-и қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) (минбаъд – хоҷагии деҳқонӣ) – субъекти соҳибкорӣ, ки дар он истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъолияти якҷояи гурӯҳи шахсони воқеӣ дар қитъаи замин ва молу мулки ба онҳо тааллуқдошта асос ёфтааст;
– аъзои хоҷагии деҳқонӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Тибқи моддаи 3-и қонуни мазкур ба таъсиси ҳоҷагии деҳқонӣ танҳо шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳуқуқ доранд.
2. Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи як нафар ё гурӯҳи шахсони воқеӣ дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад:
– бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо шумораи аз 1 то 50 нафараъзо;
– бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе назардошти шумораи аъзо.
3. Ҳоҷагии деҳқоние, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз тарафи як нафар ва (ё) бо теъдоди аз 2 то 50 шахси воқеӣ дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя таъсис дода мешавад, фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ амалӣ менамояд.
4. Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ»дар номи худ амалӣ намояд
Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
Хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби зиёда аз як шахс таъсис дода шудааст, дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя амал менамояд, ки дар он ғайр аз маълумоти пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти зерин нишон дода мешавад:
– шумораи аъзо, насаб, ном, номи падари ҳар як узвихоҷагии деҳқонӣ;
– ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба зиммаи роҳбари хоҷагии деҳқонӣ вогузор менамояд;
– ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ;
– тартиби баромадан ё хориҷ кардан аз узвият;
– тартиби қабули узви нав ба хоҷагии деҳқонӣ;
– молу мулк ва андозаи саҳми замини узви хоҷагии деҳқонӣ дар қитъаи замини истифодаи якҷоя, ки шахси мазкур бо онҳо ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ ворид шудааст (бо нишон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молу мулк ва андозаи саҳми замин);
– тартиби даъвати маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ;
– тартиби ҳалли баҳсҳо;
– тартиби нархгузорӣ, фурӯхтани маҳсулоти истеҳсолшуда ва тақсими даромад байни аъзои он;
– тартиби қатъ кардани шартнома.
Ҳангоми тағйир ёфтани шумораи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва шартномаи фаъолияти якҷоя тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, иқтибос дар ин хусус дар давоми на дертар аз як моҳ ба ҷамоати деҳот (шаҳрак), мақомоти маҳаллии андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.
Мақомоти идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ инҳо мебошанд:
– роҳбари хоҷагии деҳқонӣ;
– маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ.
Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба сифати мақоми иҷроия фаъолияти хоҷагии деҳқониро дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба роҳ мемонад.
Мақоми олии идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ (иборат аз 2 то 50 нафар) маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ мебошад.
1. Ба салоҳияти маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ мансуб мебошанд:
– ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;
– қабули шаҳрвандон ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ ва баровардан аз узвияти он (инчунин ҳангоми қабули мерос);
– интихоб ба вазифа ва аз вазифа озод кардани роҳбари хоҷагии деҳқонӣ;
– баррасӣ ва тасдиқ намудани ҳисоботи солона ва муҳосибавӣ;
– тақсими фоидаи софи хоҷагии деҳқонӣ мувофиқи андозаи саҳми замин ё қитъаи замин ва молу мулки аъзои хоҷагии деҳқонӣ, баррасии масъалаҳои ҷуброни зарар;
– ба иҷора додан ё гирифтани қитъаи замин, гирифтан ё додани қарз, ба гарав гузоштани молу мулк ва ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;
– қабули қарор дар бораи қатъи фаъолият ва азнавташкилдиҳии хоҷагии деҳқонӣ;
– баррасии дигар масъалаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад дар маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок карда, нисбати масъалаи баррасишаванда ақидаи худро иброз намояд ва овоз диҳад.
3. Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва қарорҳои қабулкардаи он дар сурате салоҳиятнок ҳисобида мешаванд, агар дар маҷлис на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок дошта бошанд.
4. Қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ доир ба масъалаҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муайян шудаанд, бо тарафдории на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои дар маҷлис иштирок дошта қабул карда мешаванд. Оид ба масъалаҳои дигар, аз ҷумла доир ба интихоби раисикунандаи маҷлис, қарорҳо бо ҷонибдории аксарияти шумораи умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ қабул карда мешаванд.
5. Қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунандаи маҷлис ва аъзои иштирокдошта имзо мекунанд. Иҷрои қарорҳои маҷлиси хоҷагии деҳқонӣ барои аъзои он ҳатмӣ мебошад.
Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси оиннома ва агар муассисон зиёда аз як нафар бошанд – дар асоси шартномаи таъсисӣ фаъолият менамояд.
2. Оинномаи хоҷагии деҳқонӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
– номи хоҷагии деҳқонӣ;
– маҳалли ҷойгиршавии хоҷагии деҳқонӣ;
– мақсад ва намуди фаъолият;
– маълумот оид ба қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ бо нишон додани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда;
– маълумот оид ба ҳайат, ваколати мақомоти идоракунӣ ва тартиби қабули қарорҳо аз ҷониби онҳо;
– ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ;
– расмиёти қабули узви нав ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ ва баровардани узв аз ҳайати он;
– тартиби ташаккулёбии сармояи оинномавӣ (шарикона);
– муқаррарот оид ба ҷавобгарӣ аз рӯи уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– тартиби даъвати маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ;
– дигар маълумоти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Хусусиятҳои ташкили фаъолият ва идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунугузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Намудҳои фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд.
Хоҷагии деҳқонӣ барои уҳдадориҳои давлат ва давлат барои уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ масъул нестанд.
Зарари ба хоҷагии деҳқонӣ дар натиҷаи дахолати мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дахолат намоянд.
Қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якумраи меросӣ бо ҳуқуқи бегона намудан ё бе ҳуқуқи бегона намудан дар асоси аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо (шаҳрҳо) дода мешавад.
Қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун қоида дар як мавзеъ яклухт дода мешавад.
Дар мавриди аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ баромадани узви он ва таъсис додани хоҷагии деҳқонии мустақил, қитъаи замин барои узви мазкур дар асоси саҳми замини ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми соли кишоварзӣ дода мешавад. Тартиби мазкур ҳамчунин дар сурати аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ баромадани гурӯҳи аъзои он ва дар қитъаи замини ҷудокардашуда ташкил намудани хоҷагии мустақили деҳқонӣ ва ё ҳамроҳ шудан ба дигар хоҷагии деҳқонӣ татбиқ карда мешавад.
Хоҷагии деҳқонӣ барои пешбурди фаъолияти худ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова қитъаи заминро ба иҷора ё барои истифодабарии муҳлатнок гирад. Хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меорад.
Судя: Саидзода З.С.