Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарордошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро пайваста дар баромаду мулоқоти худ махсусан таъкид менамоянд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд, ки: – “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрўи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”.

Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодиюи ҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.

Ҳанӯз, баъди ба тасвиб расонидани “КонвенсияиСозмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия”, яъне шуруъ аз 25-уми сентябри соли 2006 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, дар ин радиф барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ мондашудааст.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самти пешгирифта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин муддат ду маротиба санади барномавии дурнамои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, №34 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2021 таҳти №222 Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуданд.

Мавриди зикраст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зидди коррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.

Дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.

Баъди ба поён расидани муҳлати “Стратегияимуқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, бо дарназардошти рушди босуръати ҷомеа, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тақвияти фаъолият дар ин самт зарурати аз нав таҳия намудани Стратегияи зидди коррупсионӣ ба мақсад мувофиқ буд. Аз ин лиҳоз, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд, ки ҳамчун барномаи давлатии миёнамуҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисобрафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии ҷаҳониву минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

Стратегияи мазкур низ аз як қатор нақшаи чорабиниҳо иборат мебошад, ки ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷиноятӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асосёфтааст. Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур ба ду марҳилаи панҷсола ҷудо карда шудаанд.

Самтҳои асосии Стратегияи навбатӣ асосан ба мукаммалгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таҳлили мунтазами вазъи содиршавии ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд, тақвият бахшидани пешгирии коррупсия дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маорифу тандурустӣ, андозу гумрук, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳое, ки фаъолияташон аз нигоҳи коррупсия осеб пазир маҳсуб меёбанд, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар раванди муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зидди коррупсионии аҳолӣ, мукаммалгардонӣ ва ислоҳоти низоми идоракунии назорати давлатии молиявӣ, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои инсонӣ, мубориза бо коррупсия тавассути татбиқи чораҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, тақвият бахшидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар раванди пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ки ҷиҳати коҳиш ва бартараф намудани коррупсия нақши калидӣ доранд, равона карда шудаанд.

Мақсад ва вазифаи асосии Стратегияҳои дар ин самт қабулкардашуда аз баланд бардоштани маърифати зидди коррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.

Амалигардонии Стратегия тавассути фаъолияти якҷояи мақомоту муассисаҳои давлатӣ,  ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии ташкилотҳои байналмиллаливу минтақавӣ дар ҳамоҳангсозӣ бо Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Барои амалисозии самараноки мақсад ва вазифаҳои дар Стратегия пешбинигардида аз ҷониби ҳамаи иҷрокунандагон вобаста ба соҳаҳо сараввал дар заминаи Барномаи Стратегияи мазкур Барномаи идоравии (соҳавии) зидди коррупсионӣ таҳия карда мешавад, ки он тамоми муҳлати татбиқи Стратегияро дарбар мегирад.

 Аз ҷумла, дар судҳои иқтисодӣ дар ин самт таҳия намудани нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат ба коррупсия ба роҳ мондашуда, бо баргузор намудани онҳо барои паст кардани шиддати ин падидаи номатлуб чораҷӯиҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки яке аз ин чорабиниҳо дар судҳои иқтисодӣ ташкил намудани гуруҳи кори дохили идоравӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ тартиби амалишавии Стратегия дар фароҳам овардани муносибати маҷмӯи ба ташаккули низоми чорабиниҳои банақшагирифта шуда ва дар ҳамбастагӣ баррасӣ намудани онҳо, пайдарпай амалӣ намудани чорабиниҳо, ошкорбаёнӣ ва ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо коррупсия ифода меёбад.

Судяи суди иқтисодии

вилояти Хатлон    

Саидзода З.С.

Scroll to Top