Ҳамоиш бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Санаи 5-уми сентябри соли 2025 дар суди иқтисодии вилояти Хатлон ҳамоиш бахшида ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди иқтисодии вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Ҷаласаро раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Б.М. ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи “Истиқлол ва дастовардҳои истиқлолият” баромад намуданд.

Сипас муовини раиси суд Қурбониён Б., судяҳо Азизӣ Ҷ. ва Ҷабборзода Ҳ. дар мавзӯъҳои вобаста ба аҳамият ва нақши Истиқлол дар рушду нумӯъ ва пешравии иқтисодиёт, такмили қонунгузорӣ ва тақвияти ҳокимияти судӣ баромадҳо намуданд.

Scroll to Top