Ҳамоиш бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ

Дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Ҳамоиш бо суханони ифтитоҳии раиси суд Искандарзода Б.М. вобаста ба аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва аҳамияти гиромидошти Ваҳдати миллӣ ва якдилии мардуми Тоҷикистон оғоз гардид.

Ҳамзамон дар ҳамоиш муовини раиси суд Қурбониён Б., судяҳо Саидзода З. ва Азизӣ Ҷ. дар мавзӯъҳои номбурда баромадҳо намуданд.

Scroll to Top