Танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами ҷомеа – танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон мебошад. Ҷашну маросимҳо, аз қадимулайём, як қисми ҷудонашавандаи фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми мо буданд. Онҳо на танҳо шодиву хурсандӣ, балки нишонаи эҳтиром ба анъанаҳо, фарҳанг ва арзишҳои миллии мо мебошанд.

Бо вуҷуди ин, дар чанд даҳсолаи охир шоҳиди афзоиши хароҷот ва ифроткорӣ дар баргузории ҷашну маросимҳо гардидем. Бисёре аз оилаҳо маблағи зиёдро барои тӯй, маърака ва дигар маросимҳо сарф мекунанд, ки баъзан ба вазъи иқтисодии онҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ин ҳолат боиси пайдо шудани қарзҳо, мушкилоти иҷтимоӣ ва норозигии аъзои ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қонуни махсусро қабул кард, ки ҳадафи он коҳиш додани хароҷоти зиёдатӣ ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ мебошад.

Танзими ҷашну маросим: аҳамият ва зарурат

Танзими дурусти ҷашну маросимҳо дар ҷомеа аҳамияти зиёд дорад. Пеш аз ҳама, он ба беҳтар шудани вазъи иқтисодии шаҳрвандон мусоидат мекунад. Хароҷоти беҳудаи зиёдатӣ кам мешавад, мардум аз ба дӯш гирифтани қарзҳои вазнин халос мешаванд ва имконияти сарфакорона истифода бурдани маблағи худро пайдо мекунанд.

Ҳамчунин, танзими ҷашну маросим ба ҳифзи анъанаҳои миллии тоҷикон кӯмак мерасонад. Дар солҳои охир, бархе аз маросимҳо бо шакл ва усулҳои ғайрианъанавӣ баргузор мешуданд, ки боиси дуршавӣ аз асолати фарҳангӣ мегардид. Бо татбиқи қонуни танзими маросим, мо метавонем анъанаҳои миллии хоси худро нигоҳ дорем ва онҳоро барои наслҳои оянда ҳифз кунем.

Қонуни танзими ҷашну маросим: мӯҳтавои он

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” моҳи майи соли 2007 қабул гардида, минбаъд бо тағйиру иловаҳо такмил ёфт ва 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки мақсади асосии қонун ин аст, ки:

  1. Тӯйҳо ва маъракаҳо бояд бо шумораи муайяни меҳмонон баргузор шаванд ва аз ҳад зиёд серхарҷ набошанд.
  2. Маросимҳои мотам бо тартиби сода ва бе зиёдаравӣ гузаронида шаванд.
  3. Ҷашнҳо бидуни исрофкорӣ ва бо риояи арзишҳои миллӣ амалӣ гарданд.

Ҳадафи ин қонун танҳо маҳдуд кардани мардум нест, балки кӯмак ба онҳост, то ки бо сарфаи маблағ зиндагии худро беҳтар кунанд ва ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат намоянд.

Натиҷа ва манфиатҳои риояи қонуни танзими ҷашну маросим

Татбиқи дурусти танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Пеш аз ҳама, он ба коҳиш ёфтани дараҷаи камбизоатӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум мусоидат кард. Бисёриҳо акнун маблағҳои худро ба таҳсил, сармоягузорӣ ва дигар ниёзҳои муҳими ҳаёт равона месозанд.

Ғайр аз ин, танзими ҷашну маросим ба рушди маънавии ҷомеа кӯмак мекунад. Мардум бештар ба моҳияти маънавии анъанаҳо аҳамият медиҳанд, на ба зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ. Ин ҳолат боиси боз ҳам муттаҳид шудани ҷомеа ва мустаҳкам гардидани робитаҳои иҷтимоӣ мегардад.

Мо бояд дарк кунем, ки танзими ҷашну маросим ба манфиати ҳар як шахс ва ҷомеа аст. Бо риоя кардани ин қонун, мо метавонем зиндагии худро беҳтар намуда, арзишҳои миллии худро ҳифз намоем. Танзими дуруст ба некуаҳволии мардум, рушди фарҳанг ва муттаҳидии ҷомеа мусоидат мекунад.

Биёед ҳамагон дар ин раванд саҳмгузор бошем ва барои пешрафти миллат ва давлат кӯшиш намоем!

Судя                                                                       Азизӣ Ҷ.А.

Scroll to Top