Табрикоти раиси суд ба муносибати таҷлили рӯзи Парчами Тоҷикистон

Парчами Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатӣ буда, тавассути он Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад.

Ранги сурх, сафед ва сабз мазмуни муайяни фалсафиву фарҳангӣ дошта, ифодагари таърих, фарҳанг ва тамаддуни мардуми тоҷик мебошад.

Эҳтиром ва қадрдонии парчами миллӣ нишонаи ватандӯстиву меҳанпарасти мебошад.

Зеро дар симои парчам мо ватани худро мешиносем ва ҳангоме, ки шаҳрвандони мо дар ҷодаи варзиш ва ё маорифу дигар мусобиқоти байналмилалӣ ғолиб омада, парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд, моро ҳисси сарфарози фаро гирифта, якҷоя бо парчам худро сарбаланд эҳсос менамоем.

Бинобар ин, ҳар як фарди бо нангу номуси тоҷику тоҷикистониро зарур аст, ки ба парчами миллӣ бо эҳтироми хоса муносибат намуда, барои дар арсаи ҷаҳонӣ парафшон намудани он кӯшиш ба харҷ диҳанд.

24 ноябр – Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Раиси суд – Искандарзода Б.М.

Scroll to Top